ДУШАНБЕ, 3 июл — Sputnik. Вазири корҳои хориҷаи Русия Сергей Лавров бо вазири умури хориҷаи Эрон Муҳаммад Ҷавод Зариф мулоқот кард, хабар медиҳад дафтари матбуотии Вазорати умури хориҷаи Русия.
Бино бар иттилои манбаъ, ҷонибҳо зимни мулоқот масоили ҳамкориҳои дуҷонибаи Русия ва Эрон ва роҳҳои ҷустуҷӯи ҳалли мушкилии Сурияро баррасӣ намуданд.
"Вазири корҳои хориҷа масоили ҳамкориҳои дуҷониба, нишасти панҷуми кишварҳои ҳошияи Хазар ва танзими вазъи Сурияро баррасӣ карданд", — афзудааст манбаъ.
Мулоқот замоне баргузор шуд, ки нирӯҳои ҳукуматии Сурия дар марзи Исроил ва Урдун зидди ҷангҷӯён амалиёт мегузаронанд. Ҳамчунин вазъият дар минтақаҳои Ҳалаб ва атрофи он дар Сурия муташанниҷ мешавад.