Пул нагирифтаам: 9 соли зиндон барои напардохтани қарз

© Sputnik На скамье подсудимых, архивное фото
На скамье подсудимых, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Сатторов Абдураҳим майи соли 2014 барои рушди тиҷорати худ аз ташкилоти қарзии хурди “Нисор фом” 240 ҳазор сомонӣ гирифта, сипас нахост онро баргардонад

ДУШАНБЕ, 3 июл — Sputnik. Як сокини шаҳри Душанбе барои напардохтани қарзи бонкӣ ба 9 соли маҳкум шуд, иттилоъ медиҳад хадамоти матбуоти Додситони кулли кишвар.

Муҷрим, Сатторов Абдураҳим майи соли 2014 барои рушди тиҷорати худ аз ташкилоти қарзии хурди “Нисор фом” 240 ҳазор сомонӣ гирифта, сипас нахост онро баргардонад

"Додгоҳи ноҳияи Синои шаҳри Душанбе Сатторов Абдураҳимро муҷрим донист, ӯро ба 9 сол зиндон маҳкум кард", — менависад манбаъ.

Ба иттилои манбаъ соҳибкор бояд қарзро дар мӯҳлати 12 моҳ бармегардонд, аммо вай далели гирифтани қарзро рад карда, аз пардохти он саркашӣ кардааст.

Додситонӣ меафзояд, тибқи қарори додгоҳ аз Сатторов  ба фоидаи ташкилоти қарзӣ 240 ҳазор сомонӣ рӯёнида мешавад.

Лентаи хабарҳо
0