Шамолу чангу ғубор: обу ҳаво барои имрӯз

© Sputnik / Амир Исаев"Афганец" накрыл Душанбе
Афганец накрыл Душанбе - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар вилояти Хатлон ҳаво камабри тағйирёбанда шуда, вазиши сахти шамол то 12-17 метр дар як сония мерасад. Ҳаво дар водиҳо шабона +19 +24 ва рӯзона +35 + 40 дараҷа гарм хоҳад шуд

ДУШАНБЕ, 3 июл — Sputnik. Бино ба иттилои Ожонсии обуҳавошиносии Тоҷикистон аз имрӯз то 5 июл дар Тоҷикистон ҳаво номусоид гашта, дар ноҳияҳои кӯҳӣ боридани борон ва ба амал омадани раъду барқ дар назар аст. Дар вилояти Хатлон  вазиши сахти шамол чангу ғубор ба амал меорад.

Ба иттилои манбаъ, аз 7 июл ҳарорати ҳаво боз рӯ ба баландшавӣ оварда, рӯзона дар вилояти Хатлон 44, ноҳияҳои тобеи марказ 41, вилояти Суғд 41, дар шаҳри Душанбе 38, дар ғарби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 35 ва дар шарқи он 25 дараҷаро ташкил медиҳад.

Тибқи иттилои манбаъ, имрӯз ҳарорат дар қаламрави Тоҷикистон каме паст мефарояд. Дар вилояти Суғд ҳаво камабри тағйирёбанда шуда, дар водиҳо шабона +20+25 ва рӯзона +33+38 дараҷа гарм мешавад. Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳаво боронӣ гашта, шабона +9+14 ва рӯзона +23+28 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон ҳаво камабри тағйирёбанда шуда, вазиши сахти шамол то 12-17 метр дар як сония мерасад. Ҳаво дар водиҳо шабона +19 +24 ва рӯзона +35 + 40 дараҷа гарм хоҳад шуд.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво абрноки боронӣ шуда, дар шаҳри Душанбе ҳаво софу беғубор мешавад. Ҳаво шабона 15+17 ва рӯзона +35+37 дараҷа гарм мешавад.

Лентаи хабарҳо
0