ДУШАНБЕ, 1 июл — Sputnik. Раисҷумҳури Русия Владимир Путин қонунеро ба имзо расонид, ки мувофиқи он ба сабти номи муҳоҷиратии шаҳрвандони хориҷӣ ва бидуни тобеият тавзеҳот ворид карда мешавад.
Ҳуҷҷат мафҳуми "маҳалли иқомати шаҳрванди хориҷа дар Русия" ва "ҷониби қабулкунандаи шаҳрванди хориҷӣ дар Русия"-ро тавзеҳ медиҳад.
Маҳалли будубош, мувофиқи тартиботи нав, манзилест, ки дар он шаҳррванди хориҷӣ истиқомат намекунад ё ташкилотест, ки дар он сабти ном шудааст.
Дар назар дошта шудааст, ки шаҳрванди хориҷӣ дар ҳолати қарор доштан дар маҳалли буду бош бояд ба қайд гирифта шавад. Ҳамчунин номгӯи маҳалли истиқоматӣ номбар карда шудааст, ки дар он метавон шаҳрванди хориҷиро сабти ном кард.
Аз ҷумла муайян шудааст, ки шаҳрванди хориҷӣ бояд дар нишонаи ташкилоте сабти ном карда шавад, ки дар он кор мекунад.
Ба гуфтаи Ҳукумат, ки муаллифи ин қонун аст, тавзеҳоти нав ҷониби кордиҳандаро водор мекунад, ки коргари хориҷии худро ба қайд гузорад.