Ҳунарнамоии овозхонони номдори тоҷик бахшида ба ҷашни Ваҳдати миллӣ

© Sputnik / Амир ИсаевФинальный матч Кубка АФК-2017 между клубами "Истиклол" - Таджикистан и "Эйр Форс" - Ирак
Финальный матч Кубка АФК-2017 между клубами Истиклол - Таджикистан и Эйр Форс - Ирак - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Имрӯз, 27 июн дар чор ноҳияи шаҳри Душанбе чорабиниҳои фарҳангӣ – фароғатӣ гузаронида мешаванд

ДУШАНБЕ, 27 июн — Sputnik. Имрӯз, 27 июн ба ифтихори ҷашни 21-умин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар  шаҳри Душанбе барномаҳои фарҳангию фароғатӣ баргузор мегарданд.

Тавре Вазорати фарҳанги Тоҷикистон хабар медиҳад, 27 июн дар чор ноҳияи шаҳри Душанбе чорабиниҳои фарҳангӣ — фароғатӣ гузаронида мешаванд.

"Аз ҷумла, шурӯъ аз соати  08:00 барномаҳои фарҳангӣ — фароғатӣ дар "Боғи фарҳангу фароғатии ба номи Садриддин Айнӣ",   назди Филармонияи давлатии Тоҷикистон, Муассисаи давлатии "Наврӯзгоҳ"-и шаҳри Душанбе  ва  Сирки давлатии Тоҷикистон бо иштироки  ҳофизону ҳаҷвнигорони маъруфи  мамлакат баргузор мегарданд", — гуфта мегавад дар иттилои манбаъ.

Церемония открытия памятника Исмоили Сомони в городе Конибодом - Sputnik Тоҷикистон
Ифтитоҳи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ ва Парчами давлатӣ дар Конибодом

Имрӯз яке аз ҷашнҳои аслии давлатии Тоҷикистон — Рӯзи ваҳдати миллӣ таҷлил мегардад.
Имрӯз дар сартосари Тоҷикистон маросиму тадобир ба муносибати ин ҷашн барпо мешавад. Имсол ҷашни аслӣ дар шаҳри Конибодоми вилояти Суғд бо ҳузури  Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кишвар баргузор мегардад.

Ёдовар мешавем, ки Эмомалӣ  Раҳмон тайи чанд рӯзи охир бо сафари корӣ дар ин устон аст, бо ширкати ӯ сохтмонҳои нав ба баҳрабардорӣ мерасад.

Дар Тоҷикистон ҳамасола дар рӯзи 27 июн ҷашни ваҳдати миллиро таҷлил мекунанд. Соли 1997  дар Маскав тавофуқномаи умумӣ дар бораи сулҳу оштии миллӣ дар Тоҷикистон ба имзо расида буд.

Рӯзи ваҳдати миллӣ яке аз ҷаншҳои расмии Тоҷикистон мебошад. Ин ҷашн бар мувофиқи Фармони раисҷумҳури ҶТ таъин шудааст ва рӯзи 22 майи соли 1998 дар Қонуни "Дар бораи рӯзҳои таҷлилӣ" сабт шудааст.

 

Лентаи хабарҳо
0