Ифтитоҳи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ ва Парчами давлатӣ дар Конибодом

© Пресс-служба президента Республики ТаджикистанЦеремония открытия памятника Исмоили Сомони в городе Конибодом
Церемония открытия памятника Исмоили Сомони в городе Конибодом - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Имрӯз раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни сафари кориаш дар шаҳри Конибодом муҷассамаи Исмоили Сомонӣ ва сутунпояҳои Парчами давлатиро дар як маросими тантанавӣ ифтитоҳ кард

ДУШАНБЕ, 27 июн — Sputnik. Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари кориаш ба Суғд дар шаҳри Конибодом боғи фарҳангӣ-фароғатиро, ки дар он муҷассами шоҳ Исмоили Сомонӣ ва Парчами давлатии Тоҷикистон бунёд шудаааст, ифтитоҳ намуд. Дар ин бора дафтари матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон хабар додааст.

Бино ба иттилои манбаъ, муҷассамаи Исмоили Сомонӣ дар маркази шаҳри Конибодом бо санъати баланди ҳайкалтарошӣ бунёд шудааст.

Сохтмони боғу муҷассамаи мазкур моҳи марти соли 2018 аз ҷониби ҶДММ «СМС»-и шуруъ шуда будааст.

"Барои сохтмони он тақрибан 8 миллион сомонӣ харҷ гардидааст. Бояд зикр намуд, ки масоҳати боғ 9 ҳазору 500 метри мураббаъ буда, дар он муҷассамаи Исмоили Сомонӣ бо баландии 7,5 метр бунёд шуда, дар гирду атрофи боғи мазкур, назди маҷассамаи Исмоили Сомонӣ дарахтони сояафкани ороишӣ ва гулҳои шукуфон шинонида шудааст", — таъкид кардааст манбаъ.

Дар ҳамин ҳол ба гуфтаи дафтари мабуоти раисҷумҳури Тоҷикистон имрӯз раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон инчунин дар маркази шаҳри Конибодом сутунпояи Парчами давлатиро ифтитоҳ намуд.

"Парчам назди боғи нав, ки дар он муҷассамаи Исмоили Сомонӣ бунёд гардидааст, ифтитоҳ шудааст. Баландии сутунпояи парчами Тоҷикистон 43 метр дошта 7 метр паҳноӣ ва 14 метр дарозӣ доштааст", — афзудааст дафтари матбуотӣ.

Дар мавзеъи парчами давлатӣ барои сокинон ва меҳмонони шаҳри Конибодом ҷойи сайру гашт бунёд шудааст.

Дафтари матбуот раисҷумҳур таъкид кардааст, ки ҳамзамон дар атрофи боғ ва сутунпояи Парчами Тоҷикистон нишастгоҳҳои замонавӣ ва фаввораҳои диққатҷалбкунанда насб гардидааст.

Таъкид карда шудааст, ки дар оянда дар ин макони зебо ҳамоишҳои гуногуни фарҳангӣ баргузор хоҳад шуд.

Лентаи хабарҳо
0