ДУШАНБЕ, 26 июн — Sputnik. Тақрибан 52 дарсади узви хонаводаҳои тоҷик аққалан як бор барои кор ба Русия сафар кардаанд, менависад ТоҷикТА.
Роҳбари маркази тадқиқотии "Шарқ" Саодат Олимова мегӯяд, ки як ё ду узви 38 дар сади бонувони хонашин дар хориҷ аз кишвар меҳнат мекунанд.
Дар ҳамин ҳол, муҳоҷират аз ВМКБ хусусияти дарозмуддат, беш аз ду сола доштааст. Вале аз вилояти Суғд, Хатлон ва ноҳияҳои тобеи марказ хусусияти мавсимӣ аз 6 то 10 моҳ дар як сол доштаанд. Одатан муҳоҷирони меҳнатии ин минтақа дар фасли зимистон ба ватан бармегарданд.
Аксарияти муҳоҷирони меҳнатии тоҷик (98 дарсад), новобаста аз он, ки шароити будубоши онҳо дар Русия сангинтар мешаввад, Русияро интихоб кардаанд.
Афзоиши теъдоди ихроҷшудагоне, ки қонунҳои муҳоҷиратиро вайрон кардаанд, ба зиёдшавии теъдоди муҳоҷирони расмӣ дар Русия, то 77 дарсад мусоидат кардааст.
Коршиносон афзоиши муҳоҷирони меҳнатӣ аз кишварҳои узви Иттиҳоидияи иқтисодии АвруОсиёро, ки фаъолияти онҳо дар Русия нисбат ба муҳоҷирони дигар кишварҳо осонтару бартарӣ дорад, ба қайд гирифтаанд.
Онҳо метавонанд бидуни иҷозати кор ё патент, супоридани имтиҳони забони русӣ, тариқи шартнома ва ғайра фаъолият кунанд.
Ҳамин тавр, дар Русия дар панҷ соли ахир теъдоди муҳоҷирони меҳнатӣ аз Қирғизистон панҷ баробар афзоиш ёфтааст. Коршиносон бар онанд, ки дар оянда Русия бештар ба муҳоҷирони меҳнатӣ аз кишварҳои узви Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё такия хоҳад кард.
Пештар маркази таҳлилии назди раисҷумҳури Русия хабар дода буд, ки зиёдшавии аҳолии Русия аз ҳисоби муҳоҷирони меҳнатӣ кам шуда, новобаста аз чандин нишондиҳандаҳои мусбат дар соҳаи муҳоҷират, дар солҳои ахир теъдоди муҳоҷироне, ки вориди Русия мешаванд, наметавонад камшавии аҳолии Русияро ҷуброн намояд.
Нишондиҳандаи афзоиши аҳолӣ аз ҳисоби муҳоҷират (фарқият байни воридшудагон ва хориҷшудагон аз кишварҳои муҳоҷирон) дар Русия дар соли 2017 нисбат ба 6 соли ахир коҳиш ёфтааст. Дар соли 2017 ин нишондиҳанда 212 ҳазор нафарро ташкил дода буд.