ДУШАНБЕ, 26 июн — Sputnik. Раисҷумҳури Русия Владимир Путин Вазорати умури дохилаи кишвар ва Вазорати меҳнатро ӯҳдадор кард, ки Русия тартиби гирифтани иҷозатномаи иқомати муваққатӣ ва доимиро барои шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бидуни тобеият осон карда шавад.
Ин андоза нисбати нафароне, ки забони русиро хуб медонанд ва дар Русия кор ва зиндагӣ кардан мехоҳанд, қабул мешавад. Тартиботи мазкур аз моҳи январи соли 2020 ҷорӣ хоҳад шуд.
Раисҷумҳур ҳамчунин қайд кард, ки дар ҳолати зарурӣ ба қонунгузории Русия тағйирот ворид карда мешавад.
Дар назар аст, ки супориши Путин то 31 августи соли 2018 иҷро карда шавад.
Бори аввал дар бораи зарурати ин тағйиротҳо Путин дар рафти "Пахши мустақим" 7 июн таъкид кард. Раисҷумҳур дар посух ба суол дар бораи шаҳрвандии Русия гуфт, ки кишвар бояд ин равандро сода кунад.
Пештар, вакили Маҷлиси Русия Константин Затулин пешниҳод кард, ки дар Русия тартиби гирифтани шаҳрвандӣ осон шавад.
Ба гуфтаи Затулин, бо ин роҳ Руссия даҳҳо миллион ҳаммеҳанонашро ба ватан бар мегардонад.
Вай пешниҳод кард, ки шаҳрвандони хориҷӣ тавонанд бе маҳрум шудан аз шаҳрвандии кишвари худ, дар Русия иҷозатномаи иқоматии доимӣ ба даст оранд.
"Гап дар бораи даҳҳо миллион нафар меравад. Агар онҳо шаҳрванди Русия шаванд, ба кишвар зараре мерасад?", — изҳори нигаронӣ кардааст вай.
Ба гуфтаи вакил, дар ҳоли сода кардани тартиби гирифтани шаҳрвандӣ, хориҷиёни бештаре ҷалб мешаванд. Зеро бештари нафаронеро, ки соҳиби шаҳрвандии Русия шудан мехоҳанд, коғазбозии зиёд метарсонад.
Затулин афзуд, ин масъаларо дар дидор бо роҳбари раёсати давлативу ҳуқуқии раисҷумҳур Лариса Бричева рӯзи 21 июн баррасӣ хоҳад кард.