Тоҷикистон аз моҳи апрел содироти барқ ба хориҷро афзоиш медиҳад

© Sputnik / Сергей Мальгавко / Гузариш ба медиабонкЛинии электропередач, архивное фото
Линии электропередач, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар Тоҷикистон бо гарм шудани ҳаво ва афзоиши вуруди об ба садди нерӯгоҳҳои барқӣ- обии ин кишвар, дар моҳи апрели соли ҷорӣ заминаи содироти барқи бештар ба кишварҳои ҳамсоя, аз ҷумла Афғонистон фароҳам хоҳад шуд

ДУШАНБЕ, 16 мар — Sputnik. Вазорати энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон эълом кард, ки аз моҳи апрели соли ҷорӣ содироти барқи ин кишвар ба хориҷ афзоиш хоҳад ёфт.

Намояндагони ин ниҳод гуфтаанд, ки бо гарм шудани ҳаво ва афзоиши вуруди об ба садди нерӯгоҳҳои барқӣ- обии ин кишвар, дар моҳи апрели соли ҷорӣ заминаи содироти барқи бештар ба кишварҳои ҳамсоя, аз ҷумла Афғонистон фароҳам хоҳад шуд.

Тоҷикистон дар ҳоли ҳозир ҳар шабонарӯз 543 ҳазор киловатт соат барқ ба Афғонистон содир мекунад, ки аз моҳи апрел ин мизон афзоиш хоҳад ёфт.

Тоҷикистон дар соли 2017 ба Афғонистон 1 миллиарду 304 миллион киловатт соат барқ содир кард, ки қарор аст дар соли ҷорӣ ин шохис ба 1 миллиарду 500 миллион киловатт соат бирасад.

Линии электропередачи. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Тоҷикистон ва Қазоқистон ба якдигар барқ хоҳанд дод

Ҳамчунин Тоҷикистон умедвор аст, ки пас аз барқарории дубораи хатҳои интиқоли барқи ин кишвар ба Узбакистон аз моҳи апрели соли ҷорӣ барқи бештаре ба ин кишвар содир кунад.

Ба гуфтаи мақомоти Вазорати энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон акнун заминаи содироти 1 миллиарду 500 миллион киловатт соат барқ аз ин кишвар ба Узбакистон фароҳам шудааст.

Дар остонаи нахустин сафари Шавкат Мирзиёев, раиси ҷумҳурии Узбакистон ба Тоҷикистон дар рӯзҳои 9 ва 10-уми марти соли ҷорӣ давлати Тошканд аз дуруст кардан ва тармими дубораи хатҳои интиқоли барқ миёни ин ду кишвар хабар дод, ки дар соли 2009 ба дастури Ислом Каримов, раиси ҷумҳурии пешини Узбакистон тахриб шуда буд.

Лентаи хабарҳо
0