Дар Суғд мусобиқаи байналмилалии шиноварӣ шурӯъ шуд

CC0 / Pixabay / Соревнования пловцов в бассейне, архивное фото
Соревнования пловцов в бассейне, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар сабқат варзишкрони Тоҷикистон, Узбакистон, Қирғизистон, Қазоқистон, Туркманистон ва Русия ширкат мекунанд

ДУШАНБЕ, 21 июн — Sputnik. Имрӯз, 21 июн дар шаҳри Хуҷанд маросими ифтитоҳи мусобиқаи байналмилалии шиноварӣ баргузор шуд,хабар медиҳад дафтари матбуотии раиси шаҳри Хуҷанд.

Бино бар иттилои манбаъ, дар маросими ифтитоҳӣ дар Маҷмааи ҳавзҳои шиноварии ба номи "20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон" раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода низ иштирок доштанд. Дар сабқат варзишкрони Тоҷикистон, Узбакистон, Қирғизистон, Қазоқистон, Туркманистон ва Русия ширкат мекунанд.

"Бо садо додани Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон варзишгарони Ҷумҳуриҳои Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Белорус, Туркманистон ва Федератсияи Россия дар майдони мусобиқот саф кашиданд", — гуфта мешавад дар иттилои манбаъ.

Раиси вилояти Суғд ва котиби кулли Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон баромад карда, ба варзишкорон бурдборӣ таманно карданд.

Бояд қайд намуд, ки мусобиқаи байналмилалии шиноварӣ аз рӯи 16 қувваозмоӣ муддати 3 рӯз миёни мардону бонувон идома меёбад.

Лентаи хабарҳо
0