Корхонаҳои Тоҷикистон беш аз ду миллиард доллар қарздор шудаанд

© Sputnik / Амир ИсаевЗдание энергохолдинга "Барки точик", архивное фото
Здание энергохолдинга Барки точик, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар умум дар Тоҷикистон наздики 32 дарсади корхонаҳо зараровар будаанд

ДУШАНБЕ, 21 июн — Sputnik. Қарзи корхонаҳои Тоҷикистон то 1 апрели соли ҷорӣ ба 2,2 миллиард доллар расид, хабар медиҳад ТоҷикТА.

"Қарзи умумии корхонаҳои хурду калони Тоҷикистон дар аввали семоҳаи дуюми соли ҷорӣ 20,5 миллиард сомониро (2,2 миллиард доллар) ташкил медиҳад", — иттилоъ додааст ожонсии омори Тоҷикистон.

Дар ҳамин ҳол манбаъ  таъкид мекунад, ки дар соли охир ҳаҷми умумии қарзи корхонаҳо кам шудааст.

То 1 апрели соли 2018 қарзи умумии корхонаҳо (бидуни ҳисоби корхонаҳои хурд) 20539,7 миллион сомонӣ (2,25 миллион доллар), ки нисбат ба 1 апрели соли қаблӣ 8646,5 миллион сомонӣ кам мебошад.

Ҳамин тавр, дар аввали семоҳаи дувуми соли ҷорӣ аз шумораи умумӣ 32 дарсад корхонаҳои Тоҷикистон зараровар мебошанд.

Аксари корхонаҳои зараровар дар соҳаи саноати коркард, сохтмон, нақлиёт ва алоқа ба қайд гирифта шудааст.

Бузургтарин корхонаи қарздор дар Тоҷикистон "Барқи Тоҷик" будааст.

Лентаи хабарҳо
0