Бозоргул Ширинова ба занон тарзи нави хушк кардани зардолуро меомӯзонад

Обуна шудан
Зани соҳибкор дар ноҳияи Вахш Маркази омӯзишии мевахушккунӣ ифтитоҳ кардааст

ДУШАНБЕ, 21 июн — Sputnik. Ассотсиатсияи миллии занҳои соҳибкори Тоҷикистон хабар медиҳад ки дар ноҳияи Вахш соҳибкор Бозоргул Шинринова дар замини наздиҳавлигиаш маркази омӯзишиимевахушккунӣ ифтитоҳ кардааст.

Бино бар иттилои манбаъ, маркази бо тамоми ашёҳои лозимаи хушкунии зардолу ва дигар намуди меваҳо таъмин шудааст.

Дар маросими оғози расмии марказ намояндаи Ожонсии Амрико оид ба рушди байналмилалӣ Боб Рено, муовинони раиси ноҳияи Вахш Абдуллоев С. ва Зоирзода Ф. инчунин соҳибкорзанони кишоварзу дастандаркорон иштирок намуданд.

"Ташабуси навбатии Ассотсиатсияи миллии занҳои соҳибкори Тоҷикистон ва лоиҳаи USAID ба рушди фаъолияти соҳибкории занон манфиатбахш буда, дар беҳтар гардидани даромади молиявии кишоварзон мусоидат хоҳад кард", — изҳор доштааст муовини аввали раиси ноҳияи Вахш.

Вай афзуд, пештар дар ноҳияи Вахш аз тарафи ҳамин ташкилот ду қитъаи намоишии истеҳсоли қулфинай бо таври муосир ва Маркази омӯзишии қаннодӣ таъсис дода шуда буд.

Дар ҳамин ҳол манбаъ тавзеҳ додааст, ки марказ  бо мақсади омӯзонидани тарзи дуруст ва босифати хушк кардани мева ташкил карда шудааст.

Муҳайё гардидани чунин шароити мусоид ба соҳибкорзанон ва боғдорон имкон медиҳад, ки хушкунии зардолу ва дигар намуди меваҳоро омӯзанд ва аз ин барои худ фоидаи бештар ба даст оранд.

Лентаи хабарҳо
0