Раҳмон: Тоҷикистон омодааст, барои Афғонистон мутахассисон ва кадрҳои илмӣ тарбия кунад

© Амир ИсаевПрезидент Таджикистана Эмомали Рахмон
Президент Таджикистана Эмомали Рахмон - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
"Мо ба сатҳи навини ҳамкорӣ дар соҳаҳои илм, маориф, фарҳанг, тандурустӣ, итилоот ва фаъолияти иҷтимоӣ бо Афғонистон манфиатдорем", - изҳор доштааст раисҷумҳур

ДУШАНБЕ, 21 июн — Sputnik. Кишвардори Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо раиси иҷроияи Афғонистон доктор Абдуллоҳ Абдуллоҳ мулоқот карда, изҳор доштааст, ки Тоҷикистон омода аст, муносибатҳояшро бо Афғонистон ба сатҳи нав барорад. Дар ин бора дафтари матбуотии раисҷумҳури Тоҷикистон гузориш медиҳад.

Манбаъ меафзояд, Эмомалӣ Раҳмон ширкати фаъоли Абдуллоҳ Абдуллоҳ ва ҳайъати ин кишвари ҳамсояро дар Конференсияи сатҳи баланд чун нишони пуштибонии Афғонистон аз ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон дар масъалаи об маънидод кард.

Президент Афганистана Ашраф Гани и глава Таджикистана Эмомали Рахмон - Sputnik Тоҷикистон
Раҳмон ба Ашраф Ғанӣ: сулҳи Афғонистон омили амнияти Тоҷикистон аст

"Ҷонибҳо зимни мулоқот масъалаҳои вобаста ба ҳамкориҳои дуҷониба, вазъияти имрӯзаи Афғонистон, инчунин мавзӯъҳои минтақавӣ ва байналмилалии мавриди таваҷҷуҳро баррасӣ намуданд", — гуфта мешавад дар иттилои манбаъ.

Рушду густариш ва таҳкиму тавсеаи ҳамкорӣ дар бахшҳои иқтисодӣ, тиҷоратӣ, энергетика, илму маориф ва амният аз самтҳои ояндадори барои ҳар ду ҷониб судманд арзёбӣ карда шуд.

"Мо ба сатҳи навини ҳамкорӣ дар соҳаҳои илм, маориф, фарҳанг, тандурустӣ, итилоот ва фаъолияти иҷтимоӣ низ манфиатдорем ва Тоҷикистон омодааст, барои Афғонистон мутахассисони зиёди соҳаи барқ, тандурустӣ, обёрӣ, кишоварзӣ, роҳи оҳан, роҳсозӣ, сохтмон, меъморӣ, технологияҳои гуногун ва садҳо кадрҳои илмиро тарбия намояд", — изҳор доштааст кишвардор.

Дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо ҳамчунин муборизаи беамон бо таҳдидҳои аслӣ — терроризм, ифротгароӣ, қочоқи маводи мухаддир, ҷинояткории муташаккили фаромиллиро омили таъмини сулҳ, амният ва ҳамкории судманд ва озодӣ дар минтақа арзёбӣ карданд.

Лентаи хабарҳо
0