Эрону Тоҷикистон вазъияти равобити дуҷонибаро баррасӣ намуданд

Обуна шудан
Вазири корҳои хориҷаи Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин ва Вазири нерӯи Эрон Ризо Ардакониён вазъияти равобити дуҷониба миёни Эрону Тоҷикистонро баррасӣ карданд

ДУШАНБЕ, 20 июн — Sputnik. Вазир нерӯи Эрон Ризо Ардакониён, дар ҳошияи Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба даҳсолаи байналмилалии амал "Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028" бо вазири корҳои хориҷаи Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин, дидор ва дар хусуси охирин вазъияти равобити дуҷониба ва роҳкорҳои густариши он, ба вижа дар бахши энергетика табодули назар кардааст, иттилоъ додааст сафорати  Эрон дар Тоҷикистон.

Ризо Ардакониён омодагии кишварашро барои густариши ҳамкориҳои обӣ, ба хусус дар Минтақаи Осиёи марказиро баён намудааст.

Инчунин вазири нирӯи Эрон ба зарурати рушду густариши ҳамкориҳои иқтисодӣ-тиҷоратӣ дар доираи Комиссияи муштараки ҳамкориҳои тиҷоратӣ, иқтисодӣ, техникӣ ва фарҳангии Тоҷикистону Эрон таъкид намудааст. 

"Баргузории комиссияи иқтисоди фурсати муносиб барои тақвияти ҳамкориҳои дуҷониба дар заминаҳои мухталиф мебошад" — таъкид кардааст вазири нирӯи Эрон.

Инчунин Ризо Ардакониён дар идома бар истифода аз зарфиятҳои кишоварзии муносиби Тоҷикистон барои ҳамкориҳои дуҷониба дар заминаи кишти фаросарзаминӣ таъкид ва бо ишора ба гуфтугӯҳои ду кишвар дар чорчӯби комиссияи муштарак, хостори густариши ҳамкорӣ дар ин ҳавза шудааст.

Дар ҳамин ҳол, вазири корҳои хориҷаи Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо ишора бо иштироки фаровони ду миллати ҳамзабон Эрону Тоҷикистон, бар зарурати тақвият ва таҳкими ҳамкориҳои ду тараф ба хусус дар ҳавзаҳои об ва энергетика таъкида, оимодагии Тоҷикистон барои ҳамкорӣ дар кишти фарозаминиро эълон карда аст.

Сироҷиддин Муҳриддин дар бораи дидори қабли бо Муҳаммадҷавод Зариф вазири корҳои хориҷаи Эрон ишора намуда нисбат ба тақвияти ҳамкориҳои ду кишвар ибрози умедворӣ кард.

 

Лентаи хабарҳо
0