Номзадии раиси шаҳри Истаравшан ба аъзогии Маҷлиси Олӣ пешниҳод шуд

© SputnikЗдание парламента Таджикистана, архивное фото
Здание парламента Таджикистана, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Субҳи имрӯз дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Истаравшан иҷлосияи чордаҳуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳр, даъвати панҷум доир гардид

ДУШАНБЕ, 20 июн — Sputnik. Номзадии раиси шаҳри Истаравшан Баҳром Иноятзода ба аъзогии Маҷлиси Олӣ пешниҳод шуд, хабар медиҳад дафтари матбуотии раиси шаҳр.

Бино бар иттилои манбаъ, субҳи имрӯз, 20 июн дар Ҳукумати Истаравшан иҷлосияи чордаҳуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳр, даъвати панҷум доир гардид.

Дар кори иҷлосия вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳр, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлтаии шаҳр, сардорони раёсатҳо, ташкилоту муассисаҳо, раисони ҷамоатҳои деҳот, кумитаи маҳаллаҳо, сарварони муассисаҳои таълимӣ, намояндагони воситаҳои ахбори омма ва шахсони ба масъалаҳои иҷлосия марбут иштирок намуданд.

"Дар асоси рӯзномаи тасдиқгардида,  вакилони маҷлиси Маҷлиси вакилони халқи шаҳр баромад намуда, номзадии Баҳром Иноятзода раиси шаҳри Истаравшанро пешбарӣ намуда, тариқи овоздиҳии пинҳонӣ ба тарафдории ӯ якдилона овоз доданд", — гуфта мешавад дар иттилои манбаъ.

Послание Президента РТ Эмомали Рахмона Парламенту. 22.12.2017 - Sputnik Тоҷикистон
Вакилони Маҷлис барои шарҳу тавзеҳи нуктаҳои Паёми раисҷумҳур ба сафари корӣ мебароянд

Пештар хабар дода шуд, ки Абдураҳмон Қодирӣ, раиси пешини вилояти  Суғди Тоҷикистон бо ихтиёри худ аз узвияти Маҷлиси Олии кишвар даст кашид.

Дар назар аст, ки рӯзи 22 июн дар шаҳри Хуҷанд понздаҳумин ҷаласаи маҷлиси намояндагони мардуми вилояти Суғд барпо мегардад ва дар он номзади вакили нави Маҷлиси Олӣ аз вилояти Суғд баррасӣ хоҳад шуд.

Манбаъ пешбинӣ кардааст, ки Раҷаббой Аҳмадзода, устондори феълии Суғд вакили нави Маҷлиси Олӣ аз вилояти Суғд хоҳад шуд. 

Лентаи хабарҳо
0