Вакилони Маҷлис барои шарҳу тавзеҳи нуктаҳои Паёми раисҷумҳур ба сафари корӣ мебароянд

© Flickr \ Пресс-служба Президента РТПослание Президента РТ Эмомали Рахмона Парламенту. 22.12.2017
Послание Президента РТ Эмомали Рахмона Парламенту. 22.12.2017 - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 8 то 17 январи соли 2018 ба шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ба сафари хизматӣ фиристода мешаванд

ДУШАНБЕ, 3 янв — Sputnik. Дирӯз таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров ҷаласаи Шӯрои Маҷлиси намояндагон баргузор гардид. Дар ин бора хадамоти матбуоти Ҳукумати вилояти Суғд хабар медиҳад.

Гуфта мешавад, дар Шӯро таъкид гардид, ки мутобиқи бандҳои 283 ва 284-и Дастури Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои гузаронидани вохӯриҳо бо интихобкунандагон оид ба шарҳи нуктаҳои Паёми раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 декабри соли 2017, вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 8 то 17 январи соли 2018 ба шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ба сафари хизматӣ фиристода мешаванд.

"Дар Шӯро ҳамчунин барои пеш бурдани корҳои фаҳмондадиҳии бандҳои Паём ба Маҷлиси Олӣ баҳри иҷрои ҳатмии супоришҳое, ки аз Паём бармеоянд, дастурҳои мушаххас дода шуданд",-омадааст дар иттилоия.

Ёдрас мешавем, 22 декабри соли 2017 кишвардори Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар назди вакилони Маҷлиси Тоҷикистон бо паёми солона баромад кард. Раисҷумҳур ҳангоми ироаи паём дастовардҳои кишварро дар соли 2017 баррасӣ карда, аз камбудиҳои ҷойдошта ёдовар шуд. Ҳамчунин Эмомлӣ Раҳмон пешниҳод кард, ки соли 2018 дар Тоҷикистон соли "Рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ" эълон шавад.

Лентаи хабарҳо
0