Гулрухсору Фарзона дар "Ганҷи сухан" Бозор Собиру Лоиқ ва Муъмин Қаноатро ёд карданд

© Пресс-служба президента ТаджикистанаЗрители слушают ежегодное послание президента РТ к депутатам обеих палат парламента 20 января 2016 года
Зрители слушают ежегодное послание президента РТ к депутатам обеих палат парламента 20 января 2016 года - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар Хуҷанд маҳфили навбатии илмиву адабии “Ганҷи сухан” бо ширкати шоирони номдори тоҷик Гулрухсор ва Фарзона баргузор шуд

ДУШАНБЕ, 19 июн — Sputnik. Чанде қабл дар толори факултети филологияи тоҷики Донишгоҳи давлати Хуҷанд  нишасти 163-умини маҳфили илмиву адабии "Ганҷи сухан" барузор шуд, хабар медиҳад дафтари матбуотии Ҳукумати вилояти Суғд.

Бино бар иттилои манбаъ, дар маҳфил  адибону олимони номвар аз қабили Фарзонаву Гулрухсор, донишҷӯён ва мухлисони асили каломи бадеъ ширкат карданд.

"Роҳбари маҳфил Саидумрон Саидов маҳфилро оғоз бахшида,чеҳраи маъруфи адабиёт, Шоири халқии Тоҷикистон Гулрухсор Сафиеваро хайрамақдам гуфт. Сипас муовини ректори ДДХ Рухсора Давлатзода ба таърих ва арзиши маҳфили илмиву адабии "Ганҷи сухан" руҷӯъ намуда, ширкати Шоири халқии Тоҷикистон Гулрухсор Сафиеваро мояи ифтихори аҳли маҳфил арзёбӣ кард", — гуфта мешавад дар иттилои манбаъ.

Аз рӯи нақшаи кори маҳфил дар бахши "Навгониҳои илмиву адабӣ" адабиётшинос Субҳон Аъзамзод баромад карда, китобҳои тозанашрро муаррифӣ кард.

Сипас, гузориши илмии адабиётшиноси маъруф Матлубаи Мирзоюнус таҳти унвони "Ҳамзоди тӯфон", ки ба зиндагинома ва осори Шоири халқии Тоҷикистон Гулрухсор бахшида шуда буд, шунида шуд.

Шоири халқии Тоҷикистон Гулрухсор бо иштирокдорони маҳфил сӯҳбати озод намуд.

Шоири номӣ дар бораи адабиёт, шеър, ҳунари шоирӣ андешаҳои худро баён карда, аз суханварони мумтоз чун Мирзо Турсунзода, Боқӣ Раҳимзода, Мӯъмин Қаноат, Лоиқ Шералӣ, Бозор Собир  ва дигарон ёд кард.

Гулрухсор Сафиева. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Дар интизории “Шаби шеъри Гулрухсор” дар Душанбе

Дар радифи суханварони муосир дар бораи мақому манзалати Шоири халқии Тоҷикистон Фарзона сухан карда, ӯро нигине дар ангушти миллат номид. Ҳозирин ба силсилаи зиёди суолҳои худ аз шоира ҷавоб гирифтанд.

Шоири Халқии Тоҷикистон, раиси суғдии Иттифоқи нависандагон Аҳмадҷони Раҳматзод шоираро хайрамақдам гуфт ва барои меҳмон ду китоби пурарзиш "Девон"-и Камоли Хуҷандӣ ва "Девон" —и Сайфи Исфарангиро ҳадя кард.

Дар идомаи маҳфил Шоири  халқии Тоҷикистон Фарзона дар бораи шеъри Гулрухсор андешаҳои худро иброз дошта, беҳтарин адибони вилоятро, ки дар ҷодаи шеър қаламфарсоӣ мекунанд, муаррифӣ намуд ва изҳори умедворӣ кард, ки ҷавонон ворисони арзандаи суханварони номвари тоҷик хоҳанд буд.

Муҳаққиқи ҷавон Умеда Абдурашидова, ки рисолаи илмии худро перомуни осори Гулрухсор дифоъ кардааст, аз хусусиятҳои баргузидаи ашъори шоира сухан намуд.

Лентаи хабарҳо
0