Дар интизории “Шаби шеъри Гулрухсор” дар Душанбе

© Sputnik / Ратушенко / Гузариш ба медиабонкГулрухсор Сафиева. Акс аз бойгонӣ
Гулрухсор Сафиева. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ҳамойиши байналмилалии адибони кишварҳои ҳавзаи Наврӯз аз 19 то 24 марти соли 2016 бо ҳузури шоирони тавонои форсизабони ҷаҳон дар Душанбе сурат мепазирад.

ДУШАНБЕ, 1 мар — Sputnik.  Дар пойтахти Тоҷикистон, шаҳри  Душанбе маҳфили шеъри Гулрухсор Сафиева, шоири саршиноси Тоҷикистон баргузор мешавад, иттилоъ доданд ба Sputnik Тоҷикистон дар Иттиҳодияи адибони кишвар.

Рустами Ваҳҳоб. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Чопи китоби нави олим ва шоири маъруф Рустами Ваҳҳоб

"Ин шаби шеър бо ташаббуси Иттифоқи нависандаҳои Тоҷикистон дар доираи баргузории Ҳамойиши байналмилалии адибони кишварҳои ҳавзаи Наврӯз сурат мегирад",- иброз дошт ҳамсуҳбати мо.

Маҳфили адабӣ соати 14:00-и рӯзи 7 март дар Театри давлатии ба номи Лоҳутӣ оғоз мегардад.

Гулрухсор Сафиева дар поёни солҳои 90-уми асри гузашта яке аз фаъолони сиёсӣ ва мадании Тоҷикистон ба шумор мерафт ва шеъри ӯ дар кишвар, ҳатто берун аз он ҳаводорони зиёд дошт. Пас аз оғози ҷанги шаҳрвандӣ аз Тоҷикистон барои муддате берун рафт ва дар аввоили соли 1996 ба Ватан баргашт.

Дар ҳоли ҳозир, Гулрухсор  раиси Фарҳангистони байналмилалии Шеъри ҷаҳон мебошад. Ӯ Шоири халқии Тоҷикистон ва барандаи Ҷоизаи давлатии Рӯдакӣ дар бахши адабиёт ҳаст.

Ҳамойиши байналмилалии адибони кишварҳои ҳавзаи Наврӯз аз 19 то 24 марти соли 2016 бо ҳузури шоирони тавонои форсизабони ҷаҳон давом мекунад.  

Лентаи хабарҳо
0