Дар Туркия ҷамъияти тоҷикон таъсис ёфт

© Sputnik / Руслан Кривобок / Гузариш ба медиабонкВид на Стамбул, Турция, архивное фото
Вид на Стамбул, Турция, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Имрӯз 17 июни соли 2018 дар шаҳри Истанбул бо иштироки гуруҳе аз фаъолон "Анҷумани тоҷикон дар Туркия" таъсис ёфтааст

ДУШАНБЕ, 18 июн — Sputnik. Анҷуман тоҷикон дар саҳифаи Facebook-и худ иттилоъ додааст, ки имрӯз 17 июни соли ҷорӣ дар шаҳри Истанбул бо иштироки гуруҳе аз фаъолон Анҷумани тоҷикони Туркия таъсис дода шуд.

Ҳадаф аз таъсиси анҷумани мазкур — ин ба ҳам овардани ҳамватанони муқими Тоҷикистон дар Туркия буда аст.

Минбаъд, Анҷумани тоҷикон дар самти фароҳам овардани шароити лозимаи фарҳангӣ, дастгирии маънавӣ ва ҳуқуқии шаҳрвандони Тоҷикистон, инчунин ташкили ҳамоишҳои фарҳангӣ фаъолият хоҳад кард.

Дар баробари ин, анҷуман барои ба осони ворид гардидани тоҷикон ба ҷомеаи Туркия, риояи кардани қонунгузорӣ ва дигар масъалаҳои вобаста ба иқомат дар ин кишварро дар доираи қонунҳои амалкунанда, роҳнамоӣ хоҳанд кард.

Лозим ба ёдоварист, ки дар Русия даҳҳо ҷамъиятҳои тоҷикон фаъолият мекунанд. Ин ҷамъиятҳо дар ҳамоишҳои фарҳангӣ фаъолона ширкат мекунанд.

 

Лентаи хабарҳо
0