Шумораи умумии суратҳисобҳои бонкии мизоҷон 3,5 дарсад коҳиш ёфтааст

© Фото : Пресс-служба президента ТаджикистанаНациональный банк Таджикистана
Национальный банк Таджикистана - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Шумораи умумии суратҳисобҳои бонкии мизоҷон 3,5 дарсад коҳиш ёфта, 3,2 миллион ададро ташкил намуда аст

ДУШАНБЕ, 18 июн — Sputnik. Муовини Бонки миллии Тоҷикистон Лола Салимова дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон тавзеҳ додааст, ки сабаби коҳиш ёфтани нишондиҳандаи мазкур ба тадриҷан баста шудани суратҳисобҳои бонкии муштариён дар ташкилотҳои қарзии мушкилдор вобаста будааст.

Дар ҳамин ҳол, Лола Салимова таъкид кардааст, ки Бонки миллӣ барои ҳавасмандгардонии соҳибкорон барои анҷом додани ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ сиёсати андоз ва муқаррар намудани имтиёзҳоро таҷдиди назар хоҳад кард.

Ба ҳамин далел барои ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қонунгузории амалкунанда таклифҳои мушаххас пешниҳод карда шудаааст. Дар ҳоли ҳозир пешниҳодҳои Бонки миллӣ аз ҷониби гурӯҳи кории доимоамалкунандаи байниидоравӣ дар назди Вазорати молияи Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор доранд.

Вай афзуд, ки Бонки миллӣ дар якҷоягӣ бо Кумитаи андози Тоҷикистон ва ташкилотҳои қарзӣ, лоиҳаи ғайринақдӣ қабул кардани андозҳоро аз аҳолӣ татбиқ дорад.

Дар доираи лоиҳаи мазкур ташкилоти қарзии "Алиф-сармоя" ва маркази просессингии МПМ "Корти миллӣ"-и "Амонатбонк" қабули андозҳоро ба таври ғайринақдӣ, тавассути шабакаи интернет роҳандозӣ кардаанд.

Бонки миллӣ таъкид кардааст, ки татбиқи лоиҳаи мазкур ба дорандагони кортҳои пардохтӣ имконият медиҳад, ки маблағи андозро тавассути сомонаи Кумитаи андоз ба таври ғайринақдӣ бо истифодаи аз воситаҳои муосири электронӣ пардохт намоянд.

 

Лентаи хабарҳо
0