ДУШАНБЕ, 16 июн — Sputnik. Ронандаи таксие, ки дар кӯчаи маркази Маскав — Илинка ба садама дучор шуд, соҳиби шаҳодатномаи ронандагии Қирғизистон аст. Дар ин бора Маркази ташкилоти ҳаратакати нақлиёти Ҳукумати Маскав хабар медиҳад.
Маркази ташкили ҳаракати нақлиёти Маскав нусхаи шаҳодатномаи ронандаеро, ки ҳашт касро пашх кард, мунташир кард. Дар акс шаҳодатномаеро дидан мумкин аст, ки 13 августи соли 2013 аз ҷониби мақомоти Қирғзистон дода шуда, ба Анорбек ӯғлу Чингиз тааллуқ дорад.
Виновник аварии на Ильинке pic.twitter.com/VQDAZZXdQI
— ЦОДД (@gucodd) 16 июня 2018 г.
Шаҳодатномаи ронандагии ҷавонони 28-сола 5 сол пеш аз ҷониби мақомоти Қирғизистон дода шудааст.
Ёдрас мешавем, шоми имрӯз дар яке аз кӯчаҳои марказии Маскав — Илинка ронандаи таксии рангаш зард аз ӯҳдаи идораи автомашина набаромад. Худав ба пиёдароҳа баромада, роҳгузаронро пахш кард. Бино бар маълумоти пешкӣ дар пайи ин ҳодиса 8 кас ҷароҳат бардоштаанд.
Тафтишот идома дорад.