Корд заду фирор кард: милисаи Душанбе Сиёвуш ном муттаҳамеро мекобад

CC0 / pixabay / Нож в руке, архивное фото
Нож в руке, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Милисаи шаҳри Душанбе мардеро ба иттиҳоми авбошӣ ҷӯстуҷӯ мекунад. Гумонбар як сокини Душанберо бо корд захмӣ карда, фирор кардааст

ДУШАНБЕ, 16 июн — Sputnik. Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон хабар медиҳад, ки милисаи пойтахт дар ҷӯстуҷӯи муттаҳаме бо номи Сиёвуш аст.

Гумонбар бо як марди 37-солаи панҷикандӣ дар Душабе мардеро корд зада, фирор кардааст.

Гумонбаршудагон 13 июн тахминан соати 19:40 дақиқа дар кучаи Назаршоеви ноҳияи Шоҳмансур тартиботи ҷамъиятиро вайрон намуда, бо марди 37-сола ҷанҷол намуда, бо корд як маротиба ба пушти ҷабрдида зада, аз ҷойи ҳодиса фирор наамудаанд", — омадааст дар иттилои манбаъ. 

Бардоштани ҷароҳати вазнин ба саломатӣ - Sputnik Тоҷикистон
Тафсилоти задухӯрди гурӯҳии ҷавонон дар маҳаллаи 102-юми Душанбе, ки бо кордкашӣ анҷомид

Дар натиҷа марди ҷабрдида ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст.

Ҷавони 37-солаи панҷикандӣ, ки пештар зиндон шуда будааст, аз ҷониби милисаи пойтахт боздошт шуда, Сиёвушро ҷустуҷӯ мекунанд.

Мутаассифона, ин қазия аввалин ҳодисаи кордкашӣ дар шаҳри Душанбе нест.

Чунончӣ пештар, Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон ҳодисаи задухӯрди гурӯҳии ҷавонони Душанберо дар маҳаллаи 102-уми ноҳияи Синои пойтахт тавзеҳ дод.

Охирҳои моҳи май хабар дода шуд, ки дар маҳаллаи 102 ду гурӯҳ ҷавонон ба ҳам ҷанҷол карданд, ки дар пайи он як тан аз онҳо аз корд ҷароҳат бардоштааст.

Ба иттилои манбаъ, дар пайи баргузории амалиёти бозҷӯӣ муттаҳамон дастгир гардида, ҷузъиёти қазия муайян карда шуд.

"Ҳамин тавр, ба иттиҳоми авбошӣ  Кишвар Ғоибови 18-сола, Эраҷ Аюбови 21-сола, Дамир Ахмедови 21-сола ва Фирдавс Шарипови 21-сола дастгир шудаанд",- гуфта мешавад дар иттилои ВУХ ҶТ.

Лентаи хабарҳо
0