Тафсилоти задухӯрди гурӯҳии ҷавонон дар маҳаллаи 102-юми Душанбе, ки бо кордкашӣ анҷомид

Обуна шудан
Охирҳои моҳи май хабар дода шуд, ки дар ноҳияи Синои пойтахт ду гурӯҳ ҷавонон ба ҳам дарафтоданд, ки дар натиҷа яке аз онҳо бо корд захмӣ шуд

ДУШАНБЕ, 7 июн — Sputnik. Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон ҳодисаи задухӯрди гурӯҳии ҷавонони Душанберо дар маҳаллаи 102-уми ноҳияи Синои пойтахт тавзеҳ дод.

Охирҳои моҳи май хабар дода шуд, ки дар маҳаллаи 102 ду гурӯҳ ҷавонон ба ҳам ҷанҷол карданд, ки дар пайи он як тан аз онҳо бо корд ҷароҳат бардоштааст.

Ба иттилои манбаъ, дар пайи баргузории амалиёти бозҷӯӣ муттаҳамон дастгир гардида, ҷузъиёти қазия муайян карда шуд.

"Ҳамин тавр, ба иттиҳоми авбошӣ  Кишвар Ғоибови 18-сола, Эраҷ Аюбови 21-сола, Дамир Ахмедови 21-сола ва Фирдавс Шарипови 21-сола дастгир шудаанд",- гуфта мешавад дар иттилои манбаъ.

Нож в руке - Sputnik Тоҷикистон
Баҳси ду ҷавон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо кордкашӣ анҷомид

Тибқи маълумоти тафтишоти пешакӣ, муноқишаи мазкур дар заминаи нофаҳмиҳои лафзӣ миёни  Кишвар Ғоибов ва  Дамир Ахмедов сар зада, баъдан аз ду ҷониб номбурдагон бо даъват намудани рафиқонашон бо ҳамдигар муноқиша намудаанд.

Сипас ҳангоми муноқиша Кишвар Ғоибов бо корд мусаллаҳ шуда, ба қафаси синаи Шарипов Фирдавс як маротиба зада, ҳамроҳи ҳаммаслакаш аз ҷои ҳордиса фирор мекунад. Дар ҳамин ҳолат Шарипов Фирдавс бо бардоштани ҷароҳати вазнин ба саломатияш дар беморхона бистарӣ карда шуда, айни ҳол таҳти назорати духтурон қарор дорад.

"Нисбати муттаҳамон бо моддаи 110 қисми 2 (Қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ) ва 237 қисми 3 (Авбошӣ) Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, дар ҳабси пешакӣ қарор доранд. Акнун тибқи муқаррароти ин ду моддаи Кодекси ҷиноятӣ ҷавонони дастгиршударо то 12 соли маҳрум шудан аз озодӣ таҳдид мекунад",- таъкид мекунад вазорат.

Ниҳод аз падарону модарон ва шаҳрвандон эҳтиромона хоҳиш менамояд, ки дар вақтҳои берун аз таҳсил, махсусан дар вақти шабона рафтору кирдори фарзандони худро зери назорат қарор дода, дар пешгирии муноқишаҳои гурӯҳӣ саҳми худро дареғ надоранд.

Лентаи хабарҳо
0