ДУШАНБЕ, 13 июн — Sputnik. Бунёди ҳамкориҳои башардӯстонаи кишварҳои узви ИДМ хабар медиҳад, ки шоири тоҷик, раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ба ҷоизаи байналмилалии "Ситораҳои дӯстӣ" сарфароз гардид.
19-20 июн дар Остона Ҳаштумин форуми илмиву эҷодии зиёиёони Иттиҳоди давлатҳои мустақил баргузор мешавад. Барои ширкат дар ҳамоиш ба Қазоқистон бештар аз 200 ҳайъати кишварҳои ҳамсуд сафар мекунанд.
Мавзӯи форум "Гуфтугӯ дар ИДМ — дурнамои ҳамкориҳои башардӯстонаи асри 21" хоҳад шуд.
Дар ин ҳамоиш ҳодимони илм, маориф, ва фарҳанг ҷанбаҳои гуногуни ҳамкориҳои ҳирфаиро баррасӣ мекунанд. Дар маркази диққати ҳайъати кишварҳои ҳамсуд ҷанбаҳои гуногуни ҳамкориҳои фарҳангӣ хоҳад шуд.
Дар ҳошияи форум маросими ҷоизасупории "Ситораҳои дӯстӣ" баргузор мешавад. Ҷоизаи мазкур ҳамасола ба намояндагони кишварҳои ҳамсуд барои дастоварҳои назаррасашон дар фаъолияти башардӯстона, ки дар сатҳи дастовардҳои ҷаҳонӣ, боиси рушди ҳам кишвари узви иттиҳод ва ҳам ИДМ гаштааст, дода мешавад. Маблағи ҷоиза 2 миллион рублро ташкил медиҳад.
Имсол барои гирифтани ҷоиза 11 номзад аз 8 кишвари иттиҳод пешниҳод шуда буданд.
Дар натиҷа "Ситораи дӯстӣ" банамояндагони кишварҳои Озарбойҷон, Арманистон, Белорус, Қазоқистон, Қирғизистон, Молдова, Русия ва Тоҷикистон сазовор дониста шуд.