ДУШАНБЕ, 30 июн — Sputnik. Низом Қосим, вакили Маҷлиси намоядагони Тоҷикистон имрӯз, 30 июн дар Анҷумани 14-уми Иттифоқи нависандагон раҳбари нави ин ниҳод интихоб шуд, иттилоъ медиҳад АМИТ Ховар.
Ба иттилоъи манбаъ, анҷуман дар толори театри драмавии академии ба номи Абулқосими Лоҳутии Душанбе баъди як соли таъхир баргузор шуд.
"Низом Қосим бидуни рақиб дар овоздиҳии кушодаи вакилони Иттифоқи нависандагон раис интихоб шуд. Ҳамчунин, 64 нафарро ба узвияти раёсати Иттифоқ қабул кардаанд",-омадааст дар хабар.
Низом Қосим дар ин вазифа шоир ва драматург Меҳмон Бахтиро иваз кард, ки аз соли 2004 инҷониб Раиси раёсати Иттифоқи нависандагон буд.
Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон соли 1934 ташкил шуда, аввалин раиси он Саид Носир будааст. Баъдан, дар ин мақом чеҳраҳои ба мисли Аҳмедбек Мавлонбеков, Абдусалом Деҳотӣ, Сотим Улуғзода, Мирзо Турсунзода, Мӯъмин Қаноат, Аскар Ҳаким ва Меҳмон Бахтӣ раисӣ кардаанд.
Раиси нави Иттиҳоди адибон Низом Қосим пури Ҷаҳонгир дар интихоботҳои парламентии солҳои 2010 ва 2015 ду навбат аз ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявӣ вакил аз ҲХДТ интихоб шудааст. Ӯ 57 сол дошта, дар шаҳри Қурғонтеппа зода шудааст. Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро бо ихтисоси филолог — журналист соли 1979 хатм кардааст. Солҳои гуногун дар нашрияи "Пионери Тоҷикистон", корманди идораи тарғиботии Иттифоқи нависандагон, муҳаррири нашриёти "Адиб" ва сармуҳаррири Вазорати фарҳанг буд.Аз соли 2006 то 2010 дар вазифаи Директори муассисаи давлатии "Телевизиони кӯдакону наврасон — Баҳористон" кор кардааст.