Раҳмон аз Си Ҷинпин дар таъмини рушди Тоҷикистон изҳори сипос кард

© пресс-служба президента РТЭмомали Рахмон и Си Цзиньпин
Эмомали Рахмон и Си Цзиньпин - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ҷонибҳо ба сатҳи ҳамкорӣ дар масъалаи ҷалби сармояи чинӣ дар соҳаҳои саноати куҳӣ, энергетика, нақлиёт ва кишоварзӣ, оғози татбиқи лоиҳаи бунёди Маркази барқу гармидиҳии "Фон Яғноб" бо иқтидори 600 мегаватт, лоиҳаи сохтмони роҳҳои оҳани минтақавӣ баҳои баланд доданд

ДУШАНБЕ, 10 июн — Sputnik. Раисҷумҳури Тоҷикистон дар ҳошияи Ҷаласаи шӯрои сарони давлатҳои аъзои Созмони Ҳамкории Шанхай бо раиси ҷумҳури Чин Син Ҷинпин мулоқот кард. 

Тавре дафтари матбуотии раисҷумҳур иттилоъ медиҳад, дар оғози суҳбат  Эмомалӣ Раҳмон Си Ҷинпинро барои такроран ба маснади Раиси ҷумҳур интихоб шуданаш табрику таҳният гуфт.

"Сарвари давлат барои саҳми муносиби Ҳукумати Чин дар таъмини рушди устувори иҷтимоию иқтисодии Тоҷикистон ва татбиқи лоиҳаҳои муҳими инфрасохторӣ изҳори сипос кард", — гуфта мешавад дар иттилои манбаъ.

Дар мулоқот таъкид гардид, ки маҷмуъи санадҳои қаблан имзошуда барои амалӣ кардани нақшаву барномаҳои давлатии Тоҷикистон, аз ҷумла Стратегияи миллии рушд барои то соли 2030, расидан ба ҳадафҳои стратегӣ ва барои аз кишвари аграрӣ  - саноатӣ ба индустриалӣ — аграрӣ табдил додани мамлакат, саҳми арзанда хоҳанд гузошт.

Ҷонибҳо ба сатҳи ҳамкорӣ дар масъалаи ҷалби сармояи чинӣ дар соҳаҳои саноати куҳӣ, энергетика, нақлиёт ва кишоварзӣ, оғози татбиқи лоиҳаи бунёди Маркази барқу гармидиҳии "Фон Яғноб" бо иқтидори 600 мегаватт, лоиҳаи сохтмони роҳҳои оҳани минтақавӣ баҳои баланд доданд.

Дар ҷараёни мулоқот ба масъалаи боло бардоштани ҳаҷми гардиши мол, афзоиши содирот ба бозори Чин, аз ҷумла маҳсулоти кишоварзӣ диққати ҷиддӣ дода шуда, барои расидан ба ин ҳадафҳо пешниҳод гардид, ки фаъолияти кори Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Чин оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ фаъол карда шавад.

Зимни мулоқот дигар мавзуъҳои муҳими ҳамкорӣ, дар бахшҳои ҷалби сармояи чинӣ баҳри рушди инфрасохтори сайёҳӣ, ҳамкорӣ дар соҳаҳои илму маориф, фарҳанг, зарурати баргузории рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Чин, мавриди баррасии ҷонибҳо қарор дода шуд.

 Ҷонибҳо дар доираи ҳамкории минтақавию байналмилалӣ инчунин масъалаҳои робитаҳои муштарак дар самти мубориза бо таҳдидҳои ҷаҳони муосир, аз қабили терроризм, экстремизм, ҳалли вазъи мураккаби сиёсию низомӣ дар Афғонистон ва дигар самтҳои ҳамёриро дар ҷаҳорчуби ташкилоту созмонҳои ҷаҳонӣ муҳокима карданд.

Лентаи хабарҳо
0