Талаби риояи бечунучарои қонуни танзим аз раисони шаҳру навоҳии Суғд

© Официальная страница пресс-службы президента РТ в FacebookАбдурахмон Кодири. Архивное фото
Абдурахмон Кодири. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ба роҳбарони шаҳру навоҳии Суғд барои риояи бечунучарои талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” супоришҳо дода шуд

ДУШАНБЕ, 30 сен — Sputnik. Ба гузориши равобити умумии ҳукумати вилояти Суғд, рӯзи 27 сентябр раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ бо иштироки масъулини соҳаҳои хоҷагии халқи вилоят машварати корӣ доир намуд.

"Дар машварат ба роҳбарони шаҳру навоҳӣ ва мутасаддиёни соҳа барои риояи бечунучарои талаботи қонуни танзим, пешгирии омадани донишҷуён бо нақлиёти шахсӣ ба дарс, ҷамъоварии саривақтии ҳосили пахта, сафарбарии пурраи саҳмдорон ба маъракаи ҳосилғундорӣ, афзун намудани ҳаҷми парвариши сабзавот, аз ҷумла картошкаи  барвақтӣ, ҷамъоварии хақи истифодаи об ва таъмири пойгоҳҳои обрасон, иҷрои нақшаи андозҳо,  сафарбарии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ, вусъати корҳои ободонӣ дар остонаи ҷашни бузурги 25 — солагии Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд", — омадааст дар хабарнома.

Посещение Вахдата президентом РТ Эмомали Рахмоном - Sputnik Тоҷикистон
Хуҷанд: дар 9 моҳ дар тӯю маърака 115 сар чорво забҳ шуд

Манбаъ меафзояд, ки пас аз машварати корӣ раисони шаҳру навоҳӣ ва масъулини дахлдор дар майдони саҳни мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят бо тарзу усулҳои парвариши гулҳо, аз ҷумла гули садбарг аз наздик ошно гардиданд.

Пештар Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳаракати ҷамъиятии Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон Мирзошоҳрух Асрорӣ тағйиру иловаҳоро натиҷаи талабу дархости сершумори мардум ва таҷрибаи мусбати андӯхтаи кишварҳои ҳамҷавор гуфтааст.

"Тамоми тартиби гузаронидани маросимҳои дафну азодорӣ дар асоси ҳукми шариат ва дини мубини ислом таҳия гардида, орӣ аз хурофотпарастӣ мебошанд. Имрӯз бархе аз нафарон қонуни мазкурро дуруст дарк накарда, иддао доранд, ки ҷашну маросимҳо аз байн рафта истодаанд, вале ин гуфтаҳо тамоман нодурустанд, ягон ҷашн, оин ва маросимро қонунгузорӣ манъ накардааст, вале дар гузаронидани ҷашну маросимҳо танзим роҳандозӣ шудааст", — гуфтааст вай.   

Лентаи хабарҳо
0