Фоҷиа: ҳалокати муҳоҷири 19-солаи тоҷик дар сохтмон дар Петербург

© SputnikСтроительство нового дома в Душанбе
Строительство нового дома в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар рафти сохтмони кӯдакистоне дар Петербург як муҳоҷири 19-солаи тоҷикро зинапояи сарозершуда ба ҳалокат расонид

ДУШАНБЕ, 5 июн — Sputnik. Як шаҳрванди Тоҷикистон дар Петербург дар риоя нагаштани қоидаҳои бехатарӣ дар сохтмони кӯдакистон ҳалокат расид. дар ин бораи хабаргузории "Фонтанка" хабар медиҳад.

Мақомомти тафтишотии Санкт-Петербург бо далели вайрон кардани қоидаҳои бехатарии сохтмон парвандаи ҷиноӣ боз кардаанд.

Тавре тафтишот муайян кардааст, 1 июн дар рафти сохтмони кӯдакистон кодоки зинапоя ба болои муҳоҷири ҷавон сарозер шудааст. Мард дар роҳ ба бемористон ба халокат расидааст.

Пас аз ин ҳодиса, Кумитаи давлатии назоратии сохтмони Санкт-Петербург ин сохтмонро тафтиш  кард. Дар натиҷа муайян шуд, ки дар сохтмони бино қоидаҳои бехатарӣ дағалона вайрон карда шудаанд.

Центр тестирования трудовых мигрантов в Ростове-на-Дону. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Коршинос: ҷаримаҳои нав муҳоҷирро аз корфармои бевиҷдон ҳимоя хоҳад кард

Кумитаи тафтишотии Русия бошад, сабабҳои дигари  фоҷиаро баррасӣ мекунад.

Пештар хабар дода шуд, ки дар майдони сохтмонии Санкт-Петербург сокини 24-солаи Тоҷикистон ҷароҳатҳои вазнини марговар бардошта, аз зарба ба бочкаи обдор фавтид.

Ҷавон ба сохтмони иншоот дар майдони ҷазираи Петровский-и шаҳри Санкт-Петербург машғул буд, дар ҳоле ки бочкаи об ба сараш афтид.

Сипас ӯро ба Академияи тиббӣ-ҳарбӣ бурданд. Табибон вазъияти ҷавонро хеле душвор арзёбӣ карданд. Новобаста аз тамоми кӯшишҳои мутахассисон, наҷот додани мард имконнопазир буд..

Лентаи хабарҳо
0