ДУШАНБЕ, 4 июн — Sputnik, Нӯшин Раҳимӣ. Солона тақрибан як миллион нафар шаҳрвандони Тоҷикистон ба Маскав мераванд. Як қисми онҳо ба пойтахти Русия барои таҳсил ё кор ба муддати муайян сафар мекунанду, қисми дигарашон барои ҳамешагӣ кӯч мебанданд.
Замоне, ки синну соли ман каме аз 20 зиёдтар шуд, ман ҷомадони на он қадар калони худро ҷамъ кардаму, баҳри "ишғол кардани" Маскав ба самти он роҳсипор шудам.
Алъон ба ақиб нигоҳ карда, ман рӯзи аввалини худро дар Москва пеши назарам меорам. Эҳтимол, вай барои ҳама шабеҳ аст: ту дар метро истодаиву, намедонӣ, ки чӣ гуна то ба истгоҳи лозима равӣ, ва одамон аз паҳлӯи ту девонавор бо шаст медаванд, ба ину он тараф ҳаракат мекунанд, садҳо нафар аз назди ту мегузаранд, ва ҳама бо ифодаи якранги чеҳраҳо — ғамгин, ҷиддӣ ва хаста.
Бо мурури замон ҳама чиз хуб шуд. Дар давоми панҷ сол ман бисёр лаҳзаҳои хуб ва бадро дидам. Маълумоти олӣ гирифтам, ба аспирантура дохил шудам, ба кор даромадаму, оиладор гаштам.
Чӣ қадаре, ки ту тайёрӣ набинӣ, боз омода нестӣ
Муҳим нест, ки чӣ қадар вақт ту барои омодагӣ сарф кардаӣ, дар Маскав боз чизе вомехӯрад, ки туро ба ҳайрат меоварад.
Ҳаёти ман аз соатҳои аввали зиндагӣ дар шаҳри нав куллан тағйир ёфт. Ҳарчанд ман аз 10-солагӣ забони русӣ омӯхтаам, вале худамро мисли аз як нафаре ҳис мекардам, ки аз сайёраи дигар омада бошам.
Маҷбур шудам, ки худсарона таъруфаи муфид барои рафтан дар нақлиёт интихоб намоям, худро сабти ном кунам ва ба пур кардани ҳуҷҷатҳои зарурӣ пардозам.
Дар аввал, ман ҳама чизро тағйир додам: нархҳо, вақт ва масофаро. Мағзи сар маҷбур буд дучанд кор кунад. Ҳамин тавр, 45 рубл — ин чанд сомонӣ аст? Ва агар ҳозир соат 6-и бегоҳ бошад, пас он дар Душанбе чанд аст? Аз хона то донишгоҳ роҳ бо тағйири истгоҳ дар марказ як соат аст. Бо ин вақт дар Тоҷикистон то куҷо рафтан эҳтимол дошт? Пеш аз он ки ҳамаи ин чиз дар мағзи сар ҷой гирад, хеле муддати тӯлонӣ гузашт.
Ҳеҷ чиз ва ҳеҷ гоҳ ватанро иваз карда наметавонад
Бале, ман низ қаблан ба дастуроти калонсолон аҳамият намедодаму, дастфишорӣ мекардам, ки мегуфтанд: "Ана меравию, ғамгин мешавӣ, хона, маҳалла, ҳаво, об ва ҳатто замини ватанро ёд мекунӣ". Он гоҳ ман фикр мекардам, ки ин дилтангии хоси пиронсолон барои ватан аст. Ба Маскав омада, ман қариб зуд ҳис кардам, ки ба ман ҳама он чизи шинос ва хонагӣ намерасад.
Нону кулчаҳои тоҷикиро ёд мекунӣ. Ман дар вақтҳои аввал ҳеҷ ба нони сиёҳу батони сафеди русӣ одат карда наметавонистам. Чор моҳи аввал модарам кулча мепӯхту, тавассути дӯстон ба ман мефиристод.
Танҳо дар муҳоҷират ту мутаваҷҷеҳ мешавӣ, ки чӣ қадар Тоҷикистонро дӯст медорӣ ва ин чӣ ҷои муқаддас барои туст. Ҳар як роҳрави он ҳатто бароят азиз мегардад, ҳама кас ва ҳама чизро ёд мекунӣ.
Маскав туро нерӯманд ва омода ба ҳама чиз мекунад
Агар тамоми духтарони тоҷик то издивоҷашон пухтани оши палав ва дигар намудҳои таъомро ёд гиранд, вале ин ҳамаро ба ман Маскав омӯзондааст. Дар ин ҷо ту бояд ҳама чизро худат тавонӣ, охир ҳеҷ кас барои ту чизе омода намекунад, чунон ки одатан дар хона қобили қабул аст.
Аввал хеле душвор менамояд, вале баъд ҳама чизро аз худ мекунӣ — нишондиҳандаи ҳисобкунаки барқиро рӯбардор мекунӣ, шумораи маршруткаи лозимиро дар ёд мегирӣ, истифода бурдани роҳнаморо (дар ин ҷо бе он илоҷ нест) меомӯзӣ. Бо мурури замон худат ба навомадагон кумакрасониро сар мекунӣ.
Аз ҳама мӯҳимаш — ҳӯшёриро аз даст додан лозим нест. Дар камакашиҳо набояд дар бораи мӯҳлати сабтином, патент ва иҷозаи иқомат фаромӯш кард.
Мӯҳоҷират кулли қолабҳоро аз байн мебарад
Вақте ки ман ҳанӯз толиба будам, дар дилам нисбат ба Маскав нафрат доштам. Чунки тамоми хешовандони мо ба ин шаҳри дур рафта, аз он ҷо хаставу ғамгин ва пиршуда бармегаштанд. Мисле, ки Маскав хуни онҳоро макида бошад.
То он даме, ки худам ба ин ҷо наомадам, ман намефаҳмидам, ки чаро ин хел аст. Албатта, суръати баланди ҳаракат ва кору бори зиёд одамро зуд хаста мекунад, вале ту барои худ ва наздиконат кӯшиш мекуни, ки ин ҳама барабас нест.
Дар Маскав одамон чунин бадкина, ки нақл мекунанд, нестанд. Инсонҳо дар ҳама ҷо яканд. Танҳо одамони бад ё хуб вуҷуд дошта наметавонанд. Чӣ тавре, ки корат омад кунад. Миллатҳои гуногун ва пайравони адёни мухталифро дар ин шаҳр беҳтару хубтар мефаҳмиву мешиносӣ.
Дар омади гап, нархи баъзе маҳсулот дар Душанбе мисли Маскав, аммо дар маҷмӯъ, албатта, зиндагӣ гаронтар аст.
Дар Маскав бояд чолок шуд
Барои мо, пас аз ҳаёти озоду оромона дар Тоҷикистон, Маскав мисли як девонахона метобад. Ҳама саросемавор ба куҷое медаванд, якдигарро дашном медиҳанд, доимо ба коре дасташон намерасад, ҳамеша вақти кам доранду, шитобонанд. Вақташон намерасад, ки сарвақт ба куҷое рафта ё омада расанд.
Ман худамро мисли ҳалзуни кучаке ҳис мекардам, ки аз наздаш тӯдаи мардум бо шаст гузашта, мерафтанд.
Ва ин ҳама барои чӣ? Барои он, ки дар Маскав ашё чунон зиёд аст, ки вақт ҳеҷ гоҳ кофигӣ намекунад. Кӯшиш мекунӣ, ки ба ҳама чиз даст ёбӣ — саривақт ба кор омадану аз он баргаштан то замоне, ки соати шиддати метро оғоз нагшта бошад, дар роҳ, пас аз кор, ба маркази савдо барои харидани ягон либоси нав, ва сипас ба "Ашан" барои хӯрокхӯрӣ даромадану ғайраву ҳоказо.
Чунин суръат имкон медиҳад, ки дар як рӯз бисёр корҳоро дигар кард. Мағзи сар аз зиёдии иттилоъ гӯё, ки мекафад, ва пойҳо бошанд, ба ҳадафҳои дигар равон мешаванд.
Дар метрои Маскав ҳамеша ба боло бояд нигрҳ кард
Ин рӯзи аввали хониш буд. Мо бо ҳамкурсҳоямон ҳамоҳангӣ кардем, ки якҷоя ба дарс равем, зеро намедонистем, ки бинои таълимиямон дақиқан дар куҷо воқеъ аст. Ман либоси наву шинамам, пойафзоли пошнабаландамро пӯшидам, охир дар Тоҷикистон якуми сентябр — ин идест, ки бояд зебо бошӣ.
Ва ана ҳоло ман зӯрнок ба метро, аз паси он бачаҳое, ки намуди зоҳирии худро ба хотири таҳаррук нодида гирифтаанд, медароям. Ҳангоми гузариш аз истгоҳи "Таганская" ба "Марксисткая" ман дар гирдоби ҳаракати мутақобила саргаранг мондам. Ин замон маро ваҳшате фаро гирифт: ба куҷо бояд рафт, бачаҳо канӣ, роҳро чӣ гуна пайдо кард, аз кӣ пурсид?
Хеле нағз шуд, ки ман дастури падарамро ба ёд овардам: "Агар раҳгум задӣ, ҳамеша ба боло нигоҳ ва ишораҳоро пайдо кун".
Он рӯз ман ду чизро барои худ кашф кардам: дар Маскав набояд бо пойафзоли пошнабаланд гашт ва ҳамеша бояд ба ишораҳо нигоҳ кард.
Дар омади гап, метрои Маскав — ин зебогӣ ва таърих дар як ҷузъдон аст, чунин метро дар ягон кишвари дунё вуҷуд надорад. Ҳар як истгоҳ дорои нақшу нигор ва тарроҳии хоси худ аст.
Дар Маскав забони русиро раҳораҳ ёд мегирӣ
Мушкилии аз ҳама калон дар моҳҳои аввал садди забонӣ буд. Дар мактаб аз фанни забони русӣ ман ҳамеша баҳои панҷ мегирифтам, вале дар Москва ин ба ман кумак намекард. Ё шояд аз ҳаяҷон, ё шояд аз суръати тези талаффуз буд, ки рӯзҳои аввал ман зуд-зуд худамро аз даст медодам, намедонистам, ки чӣ ҷавоб диҳам, вақте ки аз ман чизеро мепурсиданд. Аксар вақт ман калимаҳоро талаффуз карда наметавонистам, ҳол он ки онҳоро медонистам.
Аксари ҳамватанони мо забони русиро нағз намедонанд, бар ин бино, аз дигарон онро меомӯзанд. Асосан, русиро раҳ ба раҳ меомӯзӣ: дар метро радио гӯш мекунӣ, хабар мехонӣ.
Аксар вақт пурсаброна дар бораи он ки шуморо дар мағоза ё ҷои кор ислоҳ мекунанд, гӯш мекунӣ. Ва баъдан эҳсос наменамоӣ, ки чӣ қадар осон ба забони русӣ ҳарф мезанӣ, танҳо лаҳҷа боқӣ мемонаду, халос.
Агар зимистони Маскавро надидаед, то ҳол сардии ҳақиқиро ҳис накардаед
Ман барфро аз замони кӯдакӣ дӯст медорам, зеро барои Тоҷикистони гарм барфрезаҳо — ин чизи аҷоиб аст. Замоне, ки зимистони аввалини ман дар Маскав шурӯъ шуд, ман хеле хурсанд ва интизори бориши барф будам. Ҳатто ман тасаввур карда наметавонистам, ки бароям чӣ қадар сард мешавад.
Ман аз Тоҷикистон либосҳои гарм оварда будам. Он замон ба ман чунин менамуд, ки онҳо гарманд. Ҳамаи инро ба бар намуда, ман чун карами сербарг дар рӯзи якуми сарди зимистон ба дарс рафтам. Дар истгоҳ одам зиёд буд, муддати тӯлонӣ автобус намеомад. Ман маҷбур шудам, ки ба як мағозаи наздик ба истгоҳ барои гармшавӣ дароям. Ҳама ҷо сард буд — бинӣ, дасту пойҳо ва зонуҳоям ях баста буданд.
Пас аз чунин "яхбандӣ", метро, ки гармӣ медод, бароям мисли биҳишт буд. Ҳамин тавр ман фарқияти байни либосҳои гарм дар Тоҷикистону Русияро дарк намудам, ва барои харидани либоси болоӣ ва пойафзоли зимистонаи нав, ҷониби мағоза шудам.
Дар Маскав сари ҳар қадам як чойхона аст
Ҳамеша ман фикр мекардам, ки чойхона танҳо дар шарқ асту, халос. Аммо Маскав бо ин чиз маро ба ҳайрат оварда буд. Ҳам дар марказ ва ҳам дар гирду атроф метавон ба осонӣ чойхонаеро вохӯрд. Чунин муассисаҳо аз ҷониби муҳоҷирони муваффақ аз Осиёи Марказӣ кушода мешаванд. Дар омади гап, таъомҳои шарқӣ дар шаҳр хеле машҳуранд.
Ба чойхона умуман намояндагони халқҳои гуногун ташриф меоранд, вале зодагони Тоҷикистон, Узбакистон ва Қирғизистон, албатта, бештаранд. Он ҷо ту худро мисле, ки дар хонаӣ, ҳис мекунӣ.
Ба ғайр аз чойхона, дар Маскав боз бисёр нуқтаҳои таҳияи ғизоӣ танӯрӣ вуҷуд доранд, ки дар онҳо пирожкиву нону самбӯса мефурӯшанд.
Маскав бо бузургиву ҳашамати худ одамро дар ҳайрат мегузорад
Дар Тоҷикистон назди телевизор нишаста, ман расмигузаштро дар Майдони Сурх 9-уми майи ҳар сол тамошо ва орзу мекардам: кош дар он ҷо мебудам. Ва мана, акнун худам дар болои сангҳои чоркунҷаи қадимаи он истодааму, дар атроф, гӯё кинояомезона бошад, ҳамшаҳриҳои ман сайру гашт доранд. Ин хеле аҷоиб буд, ки дар маркази шаҳр лафзи тоҷикӣ садо доду, сипас дар миёни мардум гум зад.
Маскав ниҳоят бузург аст. Ин ҳатто баъзан ба ҳарос меорад туро. Агар сокини яке аз қисматҳои шаҳр ҳеҷ гоҳ ба кунҷи дигари он нарафта бошаду, намедонад, ки он дар куҷо ҷойгир аст, ягон ҷои тааҷҷубовар надорад. Дар Маскав туро ҳар ҷо сохтмонҳои баландошиёна, марказҳои тиҷоратӣ, театрҳо, толорҳои консертӣ, лағжонакҳои яхӣ, боғҳои истироҳат ва варзишгоҳҳо иҳота мекунанд.
Подош
Агар ба шумо аз Душанбе ба Маскав бастаеро фиристоданӣ бошанд, бо умеди "Почтаи Русия" нашавед. Беҳтараш дар ҷӯстуҷӯи шиносҳои худ шавед, ки азми сафар ба Русия доранд.
Муддати панҷ сол дар Маскав ман мактаби ҳақиқии ҳаётро гузаштам. Илова ба аз худ нрамудани донишҳои академикӣ, ки барои онҳо ба ин ҷо омада будам, ман боз аз пушти худ истоданро омӯхтам, мардумро фаҳмидам, ҷаҳонбинии худро васеъ кардам, серҳаракату мустақил шудам.
Бале, Маскав пурғавғо, бузург ва мураккаб аст, вале он ба ҳар як нафар чунон имкониятҳои зиёде медиҳад, ки истифода набурдани онҳо аҳмақист.
Маслиҳати ман барои ҳама онҳое, ки ҳанӯз ин шаҳри бузургро барои худ боз накардаанд: пеш аз сафар барои худ тамоми чизи лозимаро омода кунед — рақамҳои телефони ҳар шахсеро, ки медонеду, ба назди онҳо ба Маскав меравед, нависед; суроғаи лозимаро дар харита пайдо кунед, истгоҳи метрои наздиктарин ва ранги шохаи онро дар хотир нигоҳ доред; хоҳиш кунед, ки касе шуморо пешвоз гирад; нусхаи ҳамаи ҳуҷҷатҳо ва захоири нақдиро бо худ гиред; дар хотир дошта бошед, ки ҳадафи шумо чист ва дар робита ба он расидан бо роҳҳои гуногун ва дар ҳолатҳои нокомшавӣ ва дучори мушкилот, фикр кунед.