Барои худиҳо бе фиреб: чигуна Наим дар Маскав тиҷорати “пок” роҳандозӣ кард

© © Sputnik / Рубен ГарсияНаим Амонбеков, архивное фото
Наим Амонбеков, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Чигуна мубориза бар зидди беадолатӣ нисбат ба муҳоҷирон барои зодае аз Тоҷикистон, ба як идеяи тиҷорӣ табдил ёфт

ДУШАНБЕ, 27 май — Sputnik, Рубен Гарсия. Ҳазорон муҳоҷирони меҳнатӣ аз кишварҳои Осиёи Марказӣ ба Русия омада, қурбонии фиребу найранг мешаванд.

Дар ҷое корфармо ба коргар бо роҳи ҳиллаву найранг камтар аз ваъда музд додааст, дар маконе маоши дуздида, ҷаримаи қалбакӣ аз ҷониби қаллобон, ки худро ҳамчун коркунони пулис муаррифӣ кардаанд ва дар ҷои дигаре ҷурму ҷиноят, мисле ки асноди муҳоҷиронро гирифта, худи онҳоро маҷбуран ба ғуломӣ табдил додан аст.

Аммо як шаҳрванди Тоҷикистон бо шиносномаи Русия ва исми Наим Амонбеков тасмим гирифт, ки дар Маскав бар акси кор тиҷорат кунаду, барои коргарони муҳоҷираш музди меҳнати ҳалолро кафолат диҳад.

Ситора Шохдавлат, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Ситора Шоҳдавлат дар Русия бунёди хайрия ташкил кард

Sputnik Тоҷикистон бо тоҷири тоҷик ҳамсӯҳбат шуда, тарафҳои мусбии кори "радиои сарафанӣ"-ро баррасӣ карду фаҳмид, ки оё метавон дар пойтахти Русия бидуни мушкилот бо мақомоти давлатӣ, кору тиҷорат кард.

— Шумо чанд вақт боз дар Русия кор мекунед?

— Аз Тоҷикистон ман ба ин ҷо 6 соли пеш, яъне соли 2012 омадам. То он вақт мактаби миёнаро аъло хатм намуда, ба факултаи иқтисоди донишгоҳи Бишкек дохил шудам, аммо бо сабабҳои объективӣ таҳсили худро давом дода натавонистам. Азбаски дар Тоҷикистон, чуноне ки ба шумо маълум аст, мушкилоти ҷои кор мавҷуд аст, ман маҷбур шудам роҳи Маскавро пеш гирам.

Дар вақтҳои аввал ман ин ҷо ба ҳайси менеҷери фурӯши техникаи манзил кор мекардам. Албатта, ман дарҳол ҷои кор наёфтам, аввал кадом як корҳои муваққатӣ, вале бо мурури замон ба ман муяссар гашт то дар ширкате ба кор дароям, ки ба фурӯши кондитсионер ва дигар техникаҳои манзил машғул буд.

Дар он ҷо ман 2-3 сол мондам. Корҳо бад набуд, ҳатто ду бор ба Урупо барои стажировка низ рафтам.

— Пас Шуморо чӣ маҷбур кард, ки вазифаи фоиданокро тарк кунеду, ба тиҷорати худ оғоз намоед?

— Соли 2015-ум буд. Бӯҳрони молиявӣ сар зад. Ширкат ба мушкилот дучор гардид. Ман маҷбур шудам, ки чизеро худам фикр карда бароям.

Ва таи он ҳама муддате, ки ман дар Русия будам, албатта, бо муҳоҷирони зиёде аз Тоҷикистон сӯҳбат доштам. Онҳо аксаран ин вазъро тасвир мекарданд — одамон самимимонаву поквиҷдонона кор мекунанд, вале музди меҳнаташонро дар вақти муайян гирифта наметавонанд, ё ин ки тамоман гирифта наметавонанд.

Таджикская свадьба в Москве Хангомы и Алима - Sputnik Тоҷикистон
Панҷ далели тоҷикон барои таҷлили тӯй дар Маскав

Маро ин вазъият хеле нороҳат мекард, ки чаро одам поквиҷдонона кор мекуниву, ногаҳон — Худо ҳофиз! Ман дар бораи он ки чигуна ба он таъсир расонидан мумкин аст, бисёр фикр мекардам, дар ҳоле хуб мефаҳмидам, ки чунин низомро тағйир додан имконнопазир аст, ба ҳадди аққал, бо нерӯи на камтар аз 2-3 ҳавасманд.

Вале ман дарк менамудам, ки дар танҳоӣ низ метавонам ҷойҳои кории нав ташкил диҳам. Охир, таъмини кафолати музди ҳалоли муназзамро танҳо он нафаре дода метавонад, ки шахсан корро таъмин кунад.

— Яъне чунин хоҳише буд то тиҷорати худро боз кунӣ, ки дар он муҳоҷиронро фиреб нахоҳанд дод?

— Дар асл, бале. Медонед, як ифодаи бисёр маълуму машҳур аст, ки онро ба муаллифони гуногун нисбат медиҳанд: "агар хоҳӣ, ки дунёро беҳтар созӣ, аз худат оғоз кун".

Ана мо ҳам аз худамон шурӯъ кардем, аз хурд ба калон, чунин тарзи истеҳсолиро интихоб намудем.

— Бигӯед, ки ин чӣ гуна иттифоқ афтод?

— Дар ҳамон соли 2014-ум ман бо шарикам Артем тасмим гирифтем, ки тиҷорати худро ташкил кунем ва ба аутсорсинги коркунони хаттӣ машғул шудем.

Ин тахминан чунин кор мекунад: мо коркунони лозимаро истихдом ва ба мӯҳлати муайян ироаи ширкатҳо мекунем.

Дар мавриди мо ё дастёрон, ё коркунони хидматгузор, яъне он мутахассисонеро истихдом мекардем, ки аксарияти теъдоди мӯҳоҷирони кориии Маскавро ташкил медоданд.

— Мушкилот дар робита ба сабтиноми ширкат пайдо нашуданд магар?

— Аҷоибаш он, ки не, пайдо нашуд. Шояд, бо он сабаб, ки корҳои сабтиномиро, бо тафовут аз ман, шарикам ба анҷом мерасонд, ки он замон шаҳрвандии Русияро дошт. Ман бошам, дар он вақт ба истихдом ва ташкил кардани ҳайъати кормандони кироя машғул будам.

Хирург Броимшо Мамадшоев, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Марҳами дарди дил: чигуна набераи Сино пизишки муваффақи Маскав шуд

Мо аз соҳаи ғизо оғоз кардем. Бо тарабхонаҳо каме кор карданро омӯхтем. Тадриҷан дигар соҳаҳоро низ аз худ намудем, аз қабили клининг, тозакунии масоҳатҳо ва биноҳо. Сипас логистика, тарроҳии чашмандоз ва ғайра. Дар ин ҷо боркашҳо, тозакунандаҳо ва сабзкунандаҳо лозим шуданд.

Коркунони мо — ин зодагони ҷумҳуриҳои Узбакистон, Қирғизистон ва Тоҷикистонанд, ҳарчанд шаҳрвандони Молдова ва Украина низ вомехӯранд. Коргаронро, албатта, на аз хиёбон. балки танҳо мувофиқи тавсияҳои шахсии дӯстон истихдом менамоем. Музди кор соатбайъ аст, он аз таҷрибаи кории коргар ва иншооти муайян вобастагӣ дорад, вале ба ҳисоби миёна одамон 1500 рубл дар як рӯз кор мекунанд.

- Магар ба кор гирифтани одамони ношинос хавфнок набуд? Чун ҳамеша хатари он, ки онҳо фиреб медиҳанд ё корро бесифат иҷро мекунанд, вуҷуд дорад ва ин зарари бузург барои обрӯю эътибори ширкат аст.

— На. Азбаски санги бинои касбу кори мо кафолати бигзор каме, вале саривақтии пардохти музди меҳнат буд, коркунон алоқаманди он набуданд, ки аз даромади мунтазами худ маҳрум гарданд. Илова бар ин, ман дар ин соҳа таҷрибаи зиёди корӣ дорам, ва баъд аз сӯҳбат ба номзад, ман мефаҳмам, ки аз ӯ чиро интизор шудан мумкин аст.

Байни муҳоҷирон иттилооъ аз даҳон ба даҳон паҳн гардида буд, ки мо музди меҳнатро бо кафолат ва саривақт пардохт мекунем. Инчунин нафароне, ки аксар вақт бо мо кор карда, худашонро аз ҷиҳати мусбӣ нишон дода буданд, хешу табор, дӯстон ва наздиконашонро барои кор оварда буданд, масъулиятро ба ӯҳдаи хеш мегирифтанд.

— Оё шумо танҳо ширкатҳои хурдро хизмат мерасонед ё то ба супоришҳои калон ҳам расидаед?

— Ҳамчунин лоиҳаҳои калон вуҷуд доштанд. Масалан, соли 2017 Ҷоми конфедератсия баргузор гардид. Ширкати мо зерпаймонкори "Спартак" буд.

Он ҷо мо ба кабудизоркунӣ ва ободкории масоҳат машғул будем. Мо қитъаи хурде доштем ва кори худро ба хубӣ анҷом додем ва дар гузаронидани Ҷом ҳиссаи худро гузоштем.

— Дар омади гап, оё бо мақомоти назоратӣ мушкилӣ вуҷуд надошт?

— Яке аз талаботи асосии мо дурустии ҳуҷҷатҳост. Ҳарчанд мушкилот баъзан ба миён меояд.

Актер Баймурат Аллабердиев Таджик Джимми со своей женой Людмилой Минько, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Нигаҳбоне, ки ҳунарпеша шуд: саргузашти Ҷиммӣ Тоҷик

Ҳатто дар соли 2017 ҳангоми кор дар "Спартак" тафтишоти кулии ВКД буд, ҳамаро як ба як тафтиш карда буданд. Вале дар кори мо ҳадди аққал ягон камбудӣ дар дурустии аснод буд. Бачаҳо танҳо ҷарима шуда буданду, халос.

— Шумо бо Ватан тамос доред? Ва умуман, тавсеаи тиҷорататонро ба нақша нагирифтаед то ба таври ҷиддӣ одамонро аз Тоҷикистон даъват намоед?

— Албатта, ман бо Тоҷикистон тамос дорам, вале шахсан ба он ҷо кам меравам, як бор дар тӯли чанд сол. Ва зарурат ба даъвати одамон аз Тоҷикистон нест. Бисёре аз шаҳрвандон ҳамин, ки мактаби миёнаро хатм карданд, зӯд ба қатор — ва ба сӯи Маскав. Бино бар ин, коргаронро дар ин ҷо кофтану, пайдо кардан, роҳаттар аст.

Аммо дар робита ба тавсеаи тиҷорат ҳаминро бояд зикр кард, ки Маскав чунин шаҳрест - дар ин ҷо ҳамеша нафароне лозиманд то кори супурдашударо саривақт ва бо сифати аъло ба анҷом расонанд. Ҳар қадар чунин мутахассисонро мо пайдо намоему, ба кор гирем, ҳамон қадар дар бораи рушду инкишофи тиҷорати худ ҳарф хоҳем зад.

Лентаи хабарҳо
0