ДУШАНБЕ, 1 июн — Sputnik. Дар Узбакистон арзиши сабтиномро барои шаҳрвандони Тоҷикистон ва дигар хориҷиён коҳиш додаанд, иттилоъ медиҳад Podrobno.uz бо истинод ба қарори ҳукумати Узбакистон.
Ҳоло хориҷиён вобаста ба рӯзҳои будубошашон дар Узбакистон бо ҳаҷми 2% аз андозаи музди меҳнати ҳадди аққали якрӯзаашон (3,4 ҳазор сум) пардохт мекунанд. Ин тартиб метавонад дар ҳолате роҳандозӣ шавад, ки агар шаҳрванди хориҷӣ дар кишвар давоми то 30 рӯз иқомат кунад.
Барои сабтиноми муваққатӣ то 30 рӯз комилан, онҳо ҳамчунин 3,4 ҳазор сӯм барои як рӯз пардохт мекунанд. Пеш аз ин, хориҷиён маҷбур буданд новобаста аз шумораи рӯзҳои будубошашон 5 долларӣ (40 ҳазор сӯмӣ) пардохт кунанд.
Гардишгарони мустақил метавонад тариқи барномаи вижаи электронӣ худро дар Узбакистон сабтином кунанд.
Онҳо бояд дар муддати се шабонарӯз пас аз ворид шудан ба Узбакистон, ба мақомоти давлатӣ бо роҳи мустақилона пуркунии раддаҳои муайян дар барнома ва нақшаи нишондоди нуқтаҳои аҳолинишин дар рафти сайри худ, огоҳӣ ирсол намоянд.
Қаблан гузориш дода шуд, ки мақомоти Узбакистон ният доранд дар вилояти Сурхондарё се минтақаи хурди сайёҳӣ таъсис диҳанд. Ҳамин тариқ, барои рушди сайёҳӣ минтақаҳои Бойсун, Сариосиё ва Шеробод бунёд мегарданд.
Минтақаи хурди сайёҳии Бойсун дар ҳудуди деҳаҳои Омонхона ва Дарбанд, дар доманаҳои кӯҳи Завбошӣ, Сариосиё — дар ҳудуди масоҳати пайваст ба системаи кӯҳии Хонҷиза ва масоҳати деҳаи Сангардак, ва минтақаи Шеробод бошад, — дар масоҳати деҳаи Шалкон ва кони намаки Ҳоҷиакан ва боғҳои меваи он, ҷойгиранд.