ДУШАНБЕ, 29 мар— Sputnik. Эҳтимол аст, муддати иқомати муваққатро барои шаҳрвандони Тоҷикистон дар Узбакистон аз се рӯз то як ҳафта тамдид кунанд, хабар медиҳад ТоҷикТА бо такя ба мудири донишкадаи тадқиқотии назди раисҷумҳури Узбакистон Владимир Норов.
"Раисҷумҳури Узбакистон Шавкат Мирзиёев ба идораи сиёсати хориҷӣ дастур дода, ки масъалаи тамдиди буду боши муваққати шаҳрвандони Тоҷикистон дар Узбакистонро бидуни иҷозатномаи иқомати муваққат баррасӣ кунад ва ба зудӣ қарори худро пешкаш кунад", — хабар додааст Норов.
Ёдоварӣ мекунем, ки дар паи сафари расмии Шавкат Мирзиёев 9-10 март ба Тоҷикистон раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз ҳамтои худ дархост крада буд, ки масъалаи тамдиди муддати иқомати мувақатти шаҳрвандони Тоҷикистонро бидуни асноди иқомати муваққат дар Узбакистон аз се рӯз то як ҳафта тамдид кунанд.
Парлумони Тоҷикистон 19 марти соли 2018 Созишнома "Дар бораи рафту омади шаҳрвандон"-ро ба тасвиб расонд, ки дар рафти сафари раисҷумҳури Узбакистон ба Тоҷикистон имзо шуду мувофиқи он шаҳрвандони Тоҷикистону Узбакистон ҳуқуқ доранд ба кишварҳои ҳамсоя бидуни раводид сафар карда, то 30 рӯз бимонанд, вале дар баробари ин агар сафари онҳо беш аз як шабонарӯз давом кунад, бояд асноди иқомати муваққатӣ гиранд.
Парлумони Узбакистон то ҳол ин созишномаро ба тасвиб нарасонидааст, вале раисҷумҳур Шавкат Мирзиёев бо қарори худ, аз 16 март ратуомади бидуни раводидро барои шаҳрвандони Тоҷикистону Узбакистон баровард.