Моҳрӯ Ҳалимова бо ҳазинаи шахсӣ ба қаҳрамонии Осиё рафту медал овард

© Страница М.Халимовой в соцсетиМохру Халимова, архивное фото
Мохру Халимова, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Варзишкори тоҷик дар қаҳрамонии Осиё оид ба таэквандо танҳо-бе мураббиаш ширкат кард

ДУШАНБЕ, 29 май — Sputnik. Варзишкори тоҷик Моҳрӯ Ҳалимова дар 23-юмин қаҳрамонии Осиё оид ба таэквандо WTF, ки дар  Ветнам баргузор шуд, соҳиби медали биринҷӣ гардид, хабар медиҳад Asian Taekwondo Championships.

Моҳрӯ Ҳалимова дар   вазни  73 кг миёни бонувон дар даври муқаддамотӣ ба варзишгари  Индонезия Нанда Фернандиа ва варзишгари Камбоҷа Сеавмей Сорн пирӯз шуда, ба нимфинал роҳ ёфт.

Дар даври нимниҳоӣ аз варзишгари Кореяи Ҷанубӣ Ҳйери Оҳ, ки ғолиби ин вазн шуд, мағлуб гардида, ҷои сеюмро сазовор гашт.

Ҷои дуюми вазни мазкур  насиби варзишгари Чин Чен Лӣ ва як ҷои сеюми дигар насиби варзишгари Кореяи Ҷанубӣ Да-Бин Лӣ гардид.

Медали Моҳрӯ ягона ҷоизаи Тоҷикистон дар ин сабқати байналмилалӣ мебошад.

Баромади таэквандочиёни Тоҷикистон дар ЧҶ-2015 дар Булғористон - Sputnik Тоҷикистон
Дар пойтахти ҶТ қаҳрамонии ҷумҳуриявӣ оид ба таэквандо баргузор гардид

Моҳрӯ қайд кард, ки ба шарофати мураббиаш, ки ӯро ба ин мусобиқа равон кардааст, соҳиби медали биринҷӣ шудааст. Ба гуфти ӯ ягон ниҳоди варзишии Тоҷикистон, на Федеросюни таэквандо, на Кумитаи варзиши Кумитаи олимпии миллии Тоҷикистон ва на Мактаби олии таэквандо-ҷое, ки Моҳрӯ узвият дорад барояш барои ширкат дар ин сабқат маблағ ҷудо накарданд.

Ба далели набуди маблағи кофӣ Моҳрӯ дар ин сабқт танҳо-бе муррабиаш ширкат кардаву ҳатто ба мусобиқа рӯзе пеш расидааст, дар ҳоле, ки дигар варзишкорон барои обу тоб ёфтан бо боду ҳавои Ветнам як ҳафта пеш ба ин кишвар омада будаанд.

Ёдовар мешавем, ки дар қаҳрамонии Осиё оид та таэквандо, ҳисоби даставӣ тими Кореяи Ҷанубӣ бо 6 медали тилло ва 6 биринҷӣ ҷои аввалро сазовор гашт. Варзишгарони Чин, ки 2 медали тилло, 2 нуқра, 2 биринҷӣ ба даст оварданд, ҷои дуюм ва варзишгарони Ӯзбекистон бо 2 медали тилло, 1 нуқра, 4 биринҷӣ мақоми сеюмро ишғол карданд.

Лентаи хабарҳо
0