ДУШАНБЕ, 29 мая — Sputnik. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти раиси шаҳри Хуҷанд, дар Боғи истироҳатии "Наврузгоҳ"-и шаҳр "Боғи ҳайвонот" ба фаолият шурӯъ кард.
Ба гуфтаи роҳбари ин боғи ҳайвонот Мадина Давлатова, дар ҳоли ҳозир дар боғи мазкур 40 намуди ҷонварон парвариш ва маърази тамошо гузошта шудаанд.
"Дар боғ шеру хирс, гургу шағолу уштур, уқобу мор, маймуну сангпушт ва ғайра бо теъдоди зиёда аз 100 сар парвариш ва маърази тамошо гузошта шудаанд", — иттилоъ додааст манбаъ.
Мадина Давлатова ҳамчунин таъкид кардааст, ки боғи ҳайвоноти Хуҷанд бо боғҳои ҳайвоноти Душанбе ва Тошканд ҳамкорӣ дорад.
Даромад барои хурдсолон 3 сомонӣ барои калонсолон 5 сомонӣ пешбинӣ гардидааст.
Лозим ба ёдоварист, ки соли гузашта боғи ваҳш бо ҳайвоноти нодир дар минтақаи Маҷмааи лижаронию сайёҳии "Сафед-дара" дар деҳаи Такоби Варзоб пайдо шуд.
Дар боғи зикршуда рӯбоҳ, шағол, паланг, шер, кенгуру, маймун, шутурмурғ, уштур, хирс ва ғайра парвариш мешаванд.