"Таронасози муҳаббат": дар Хуҷанд Аминҷон Шукӯҳиро ёд карданд

© © Сайт мэра города Худжандв Худжанде вспомнили таджикскиго поэта Аминджон Шукухи
в Худжанде вспомнили таджикскиго поэта Аминджон Шукухи - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар китобхонаи вилоятии ба номи Тошхоҷа Асирӣ маҳфили ёдбуд бахшида ба 95 солагии шоири лирик ва сарояндаи ишқ Аминҷон Шукуҳӣ таҳти унвони "Таронасози муҳаббат" бо иштироки пайвандон, мухлисон ва аҳли илму адаб баргузор гардид

ДУШАНБЕ, 29 май — Sputnik. Дар Хуҷанд бахшида ба 95-солагии шоир Аминҷон Шукӯҳи ҳамоиши адабӣ баргузор гардид, хабар медиҳад дафтари матбуотии раиси шаҳри Хуҷанд.

Бино бар иттилои манбаъ, маҳфили ёдбуд дар китобхонаи Тошхуҷа Асирӣ баргузор гардид, ки дар он аҳли илму адаби вилояти Суғд ва мухлисону пайвандони шоир иштирок карданд.

Дар маҳфил раиси бахши суғдии Иттифоқи нависандагон Аҳмадҷони Раҳматзод,  мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси вилоят Тоҷибой Султонзода ва адибон  Маъруф Бобоҷон, Дадохони Эгамзод баромад карда, аз нақши шоир дар адабиёти муосири тоҷик ва хизматҳои вай ёдовар шуданд.

"Аминҷон Шукуҳӣ дар адабиёт чун шоири сарояндаи ишқи пок, хеле ҳассос, инсони саропои вуҷудаш саришта аз меҳру муҳаббат, инсоне, ки як умр мехост ба инсонҳо аз роҳи маънавиёт ва иҷтимоиёт мадад кунад ва имрӯз ин корро ҳар сатри вай адо мекунад, ҷойгоҳи баланде дорад",- таъкид дошт Аҳмадҷони Раҳматзод.

Аминҷон Шукуҳӣ баҳори соли 1923 дар деҳаи Рӯмони ноҳияи Хуҷанд (ҳозира Бобоҷон Ғафуров) дар оилаи деҳқон ба дунё омадааст. Хатмкардаи курси омӯзгорӣ ва дар соли 1955 факултаи журналистикаи мактаби олии ҳизбӣ дар шаҳри Маскав аст. Вазифаҳои муовини сардабири рӯзномаҳои "Ҳақиқати Ленинобод" (ҳозира "Ҳақиқати Суғд"), "Тоҷикистон советӣ" ("Ҷумҳурият"-и кунунӣ), котиб, муовини раиси иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ва аз соли 1967 то 1976 раиси кумитаи давлатии телевизион ва радиои Тоҷикистонро ба дӯш доштааст.

"Суруди чашма", "Ватани сулҳ", "Нафаси гарм", "Кӯчабоғи ошиқон", "Чормағз", "!Шаҳло ва Шифо" (бо ҳаммуаллифии Ҳилолиён Аскар), "Об аз куҷо меояд?", "Асад ва Самад" аз ҷумлаи осори назмиву насрии Шукуҳӣ аст. Бархе асарҳои Шукуҳӣ ба русӣ ва забонҳои дигар тарҷумаву нашр шудаанд. Чанд сол пеш повести "Об аз куҷо меояд?" дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ба англисӣ баргардон шуда, аз чоп баромад.

Лентаи хабарҳо
0