ДУШАНБЕ, 27 май — Sputnik. Дар Узбакистон эълом доштанд, ки раисҷумҳур Шавкат Мирзиёевро барои дарёфти ҷоизаи сулҳи Нобел пешниҳод кунанд.
Бо чунин ташаббус намояндаи Ҳизби ҳокими либералӣ-демократии Узбакистон (O'zbekiston Liberal-demokratik Partiyasi, O'zLiDeP) Олимҷон Тухтаназаров дар саҳифаи Facebook-и худ баромад кардааст.
Қаблан Ҳизби либерал-демократии Узбакистон дар вебгоҳи муроҷиатҳои дастҷамъона бо номи "Фикри ман" (Менинг фикрим) пешниҳод карда буд то ба раисҷумҳур Шавкат Мирзиёев унвони олии "Қаҳрамони Узбакистон" дода шавад. Дар айни замон, ин пешниҳодро тақрибан шонздаҳ ҳазор нафар дастгирӣ кардаанд.
Тухтаназаров эълом доштааст, ки кишвардори Узбакистон сазовори номзадиҳои гуногун мебошад, на танҳо ҷоизаи сулҳи мазкур.
Вай ин ҷоизаро дар номзадии "адабиёт" сазовор аст, инчунин онро метавонад дар соҳаи "илм" ҳам ба даст орад,бовар дорад вакил.
Шавкат Мирзиёев ба курсии раисҷумҳурии Узбакистон пас аз натиҷаҳои интихобот аз таърихи 4-уми декабри соли 2016 нишаст. Қаблан, то замони фавти нахустин раисҷумҳури Узбакистон Ислом Каримов, Мирзиёев иҷрокунандаи вазифаи раисҷумҳур буд.
Мувофиқи маълумоти хулосавии Комиссияи марказии интихоботӣ, Шавкат Мирзиёев дар раъйдиҳӣ 88,65% овозҳоро дар пайи иштироки 87,83%-и овоздиҳандагон, ба даст овард.
Пас аз интихобот, раҳбари нави Узбакистон самти сиёсии давлаташро барои наздикӣ бо кишварҳои ҳамсоя равона кард, ба мисли Қирғизистон, Қазоқистон ва Тоҷикистон.
Моҳи марти соли 2018 бори аввал дар 25 соли истиқлолият ташрифи таърихии Мирзиёев ба Тоҷикистон рух дод. Дар рафти вохӯрӣ сарони давлатҳои Узбакистон ва Тоҷикистон чашмандозҳои рушди муносибатҳои дуҷонибаи кишварҳо ва инчунин 27 созишномаи муҳимро, ба имзо расониданд.
Ҷоизаи Нобел — яке аз мукофотҳои боэътибортарини байналмилалӣ ба шумор рафта, ҳамасола барои тадқиқотҳои илмии бузургтарин, ихтирооти инқилобӣ ё гузоштани саҳми бузург дар рушду камоли фарҳанг ё ҷомеа, дода мешавад.