Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аввоили баҳор ба Узбакистон сафари расмӣ дорад. Дурнамои сафари пешбинишударо коршиноси Шӯрои Русия оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ Никита Мендкович арзёбӣ мекунад.
Ба гуфти коршинос, барои баргузории мулоқоти ду роҳбар, кори дастаҷаъмонаи мутахассисони шуъбаи ташрифот ва Вазорати корҳои хориҷаи ҳар ду кишвар лозим аст. Илова бар ин кори мутахассисони соҳавии вазоратҳое, ки созиш мешавад, хуб ба роҳ монҳа шавад.
"Тамоси дуҷониба миёни Тоҷикистону Узбакистон бисёр муҳим аст. Ин нишонаи гармшавии равобити сарду ихтилофоти шадади раисҷумҳури собиқи Узбакистон аст",-мугӯяд Никита Мендкович.
Коршинос таъкид мекунад, ки ҳоло водии Фарғона, ки ба далели зиддияти Тошканд, Бишкек ва Душанбе ҷойи ноором ба ҳисоб меравад, симои нав пайдо кардааст. Ба гуфти вай, бино бар тамоюли имрӯза, тамоси доимии роҳбароони ин кишварҳо, ба манфиати давлатҳо хоҳад буд.