Ҷаҳон мислашро надидааст : Путин дар бораи бӯҳрони иқтисодӣ

© Sputnik / Михаил Климентьев / Гузариш ба медиабонкПрезидент РФ Владими Путин принял участие во втором дне работы ПМЭФ - 2018
Президент РФ Владими Путин принял участие во втором дне работы ПМЭФ - 2018 - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Нодида гирифтани меъёрҳои мавҷуда ва аз даст додани боварии мутақобил метавонад вазъи пешгӯинашавандаву тағйиротҳои такондиҳандаро ба вуҷуд биёрад, мегӯяд Владимир Путин

ДУШАНБЕ, 25 мая — Sputnik. Нодида гирифтани меъёрҳои ҳуқуқӣ метавонад сабаби буҳроне шавад, ки ҷаҳон мислашро надидааст, гуфтааст Владимир Путин дар Форуми байналмилалли иқтисодии Петербург.

"Баромадани яке аз тарафҳои шартнома аз заминаи ҳуқуқӣ, вайрон кардани аҳду паймон метавонад хавфҳо ва хароҷотҳои зиёдро дар пай гузорад.  Ин як манбаи таҷрибаи расмӣ мебошад",- таъкид кардааст роҳбари Русия.

Дар арсаи ҷаҳонӣ чунин рафтори давлатҳо — бахусус давлатҳои абарқудрат —натиҷаҳои ногувор дар пай дорад, таъкид  кард Путин.

"Нодида гирифтани меъёрҳои мавҷуда ва аз даст додани боварии мутақобил метавонад вазъи пешгӯинашавандаву тағйиротҳои такондиҳандаро ба вуҷуд орад. Ин гуна омилҳо метавонад буҳрони доимиро ба вуҷуд биёрад, ки ҷаҳон то ҳол ба он рӯ ба рӯ нашудааст", — гуфт раисҷумҳур Русия.  

Путин пешниҳод намуд, ки иқтисоди боварӣ бунёд шавад.

Президент России Владимир Путин, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Путин гуфт, муносибатҳои Тоҷикистону Русия рушд мекунанд

Шаклҳои нави протексионизм (сиёсати хориҷии тиҷории кишвар)

Боз яке аз омилҳои дигаре, ки ба устувории иқтисоди ҷаҳонӣ хавф доштааст, ин шакли нави протексионизм мебошад, таъкид кардааст Владимир Путин.

"Агар қаблан шаклҳои протексионизми классикӣ мавҷуд буд, ҳоло протексионизми нав ба вуҷуд омадааст",- афзуд ӯ.

Масъулияти умумӣ

Масъулияти умуми ояндаи ҷаҳонро ҳар як кишвар бар уҳда дорад, ба хусус  кишварҳои пешрафатаи иқтисодӣ, таъкид кард Владимир Путин. Вай гуфт бояд  ба дигар кишварҳо ва шарикон эҳтиром гузорем.

"Манфиатҳои худро метавон бо ҳар роҳ пеш бурд: ё ба дигарон аҳамият надодан ё шарикони худро эҳтиром кардан. Мефаҳмам, ки дунёи имрӯза вобастагии зиёд дораду кишварҳо аз якдигар вобастаанд. Ҳар як кишвар, ба хусус кишварҳои бузург бо иқтисоди пешрафта, барои ояндаи умумӣ масъулияти зиёд доранд" — гуфтааст Владимир Путин.

Лентаи хабарҳо
0