Путин гуфт, муносибатҳои Тоҷикистону Русия рушд мекунанд

© Sputnik / Сергей Гунеев / Гузариш ба медиабонкПрезидент России Владимир Путин, архивное фото
Президент России Владимир Путин, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Раисҷумҳури Русия таъкид намуд, ки дар ҳамкориҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Русия тамоюли мусбӣ ба назар мерасад

ДУШАНБЕ, 29 мая — Sputnik. Раисҷумҳури Русия Владимир Путин иштирокдорони шашумин ҳамоиши ҳамкориҳои байниминтақавии Тоҷикистону Русияро шодбош намуда, таъкид намуд, ки ҳамоиши мазкур гуфтугӯи ошкорро дар масъалаҳои муҳими имрӯза таъмин менамояд.

Паёми раисҷумҳур дар ин бора  дар вебгоҳи Кремл мунташир шудааст. 

Министр экономического развития и торговли Таджикистана Негматулло Хикматуллозода, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Ҳикматуллозода: Русия шарики аслии тиҷории Тоҷикистон боқӣ мемонад

"Солҳои қаблӣ ҳамоиш куллан аҳамияташро тасдиқ намуд. Конфронси байниминтақавӣ намояндагони мақомотҳои иҷроия ва қонунгузор, соҳибкорон ва мутахассисони ҷамъиятии ду кишварро муттаҳид намуда, имкон медиҳад, ки онҳо  дар бораи масъалаҳои муҳими дуҷониба ва минтақавӣ ошкор гуфтугӯ кунанд", — таъкид намудааст раисҷумҳур.  

Инчунин Путин таъкид кард, ки дар рушди ҳамкориҳои Тоҷикистону Русия тамоюли мусбӣ дида мешавад. Аз ҷумҳа ҳамкориҳои байниминтақавии ду кишвар рушд мекунанд.

Лентаи хабарҳо
0