Халифаи Роштқалъа: дини Ислом зиёдаравиро ҳаром ҳукм кардааст

© Sputnik / Ратушенко / Гузариш ба медиабонкПраздничный таджикский дастархан. Архивное фото
Праздничный таджикский дастархан. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Халифаи Роштқалъа мардумро ба парҳез аз исрофкорӣ дар моҳи мубораки Рамазон даъват мекунад

ДУШАНБЕ, 24 май — Sputnik. Халифаи ноҳияи Роштқалъаи ВМКБ Давлатҷон Маҳрамбеков дар маводе, ки дар равобити умумии Кумитаи дин ва ҷашну маросимҳо мунташир шудааст, мардумро ба кӯмак ба ятимону барҷомондагон ва дастгирии маюбон даъват кардааст.

Ӯ гуфтааст, ки "дини муқаддаси Ислом баҳрабардорӣ ва истеъмол аз неъматҳои илоҳиро сарчашмаи зиндагӣ дониста, ҳамзамон исроф ва зиёдаравиро ҳаром ва нораво ҳукм кардааст".

Праздник Курбан-Байрам в Московской Соборной мечети - Sputnik Тоҷикистон
Чор гурӯҳи одамон, ки намозашонро Худованд дар моҳи Рамазон қабул намекунад

Ба гуфти халифа, исрофе, ки дар масоили иқтисодӣ-иҷтимоӣ бештар мавриди амал қарор дорад, мӯҷиби заиф гардидани захираи молӣ ва дунболаш фақр ва нотавонӣ дорад. Бинобар ин, пешгирии ҳамин гуна исроф ҳам вазифаи фардӣ-инсонӣ ва ҳам аҳкоми илоҳӣ аст ва барои риояи он савоб ва барои таҷовузи ҳудуди он ҷазо ваъда карда шудааст.

Ҳар чизе аз истифодаи фард зиёд омад, ба фақирон ва бечорагон, маюбон бидиҳед ва ба ин васила ихтилофи иҷтимоиро аз байн мебаред ва ҳам дӯстии миёни шумо зиёд мешавад. Се навъи исроф новобаста аз замону макон ҳароманд:

— нобуд кардани моле агарчи кам бошад, монанди рехтани об дар ҷое, ки об камёб аст;

— сарфи зиёд кардан дар он чизе, ки зарар дорад, агарчи дар истеъмоли маводи хӯрданӣ бошад ва ё вақти қимати худро дар кори беҳуда сарф кардан;

— исроф дар корҳое, ки шариат онҳоро раво намеҳисобад, ба монади пул додан дар қимор, ришва, ки маъсият доранд.

Рамазон яке аз панҷ рукнҳои Ислом аст, ки барои ҳамаи мусалмонон воҷиб мебошад. Дар давоми 30 рӯз, аз тулӯъ то ғурӯби офтоб, нафари муъмин бояд аз хӯрдан, нӯшидан, тамокукашӣ ва наздикшавии шаҳвонӣ, дурӣ ҷӯяд.

Моҳи мубораки Рамазон — вақти намоз, тавба кардан ва рӯй овардан ба сӯи Худованд аст.

Полумесяц, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Чиро бояд ҳар мусалмон дар бораи моҳи мубораки Рамазон донад

Ҳар рӯзи худро мусулмон бояд аз ният оғоз кунад, ки таъйидкунандаи омодагии доштани рӯза аст. Барои беморон, пиронсолон, кӯдакон, занони ҳомиладор ва ҳамаи онҳое, ки шароити сангини доштани рӯза метавонад барои саломатӣ ва зидагияшон хатар эҷод кунад, каме сабукӣ пешбинӣ карда мешавад.

Интиҳои моҳи Рамазон бо намозгузории умумӣ машҳур аст, ки пас аз он Иди Фитр, ё Иди Рӯза, ки се рӯз давом мекунад, шурӯъ мешавад. Одамон Худовандро шукр мегӯянд, хешовандон ва дӯстони худро меҳмондорӣ мекунанд. Саховатмандӣ, аниқтараш додани садақа, шарти ҳатмии Иди Фитр аст.

Лентаи хабарҳо
0