ДУШАНБЕ, 23 май — Sputnik. Ҳаҷми қарзҳои додашуда ба аҳолии Тоҷикистон аз тарафи ташкилотҳои қарзӣ аз аввлаи апрели соли ҷорӣ ба беш аз 8,1 миллиард сомонӣ (905 миллион доллар) расидааст.
Тибқи маълумоти Бонки миллӣ, ҳаҷми амонатҳои ташкилоти қарзӣ дар ҳамин давра беш аз 9 миллиард долларро ташкил намуд.
Қарзҳо бештар ба пули миллӣ ва хориҷӣ дода шудааст.
Аксари қарзҳо қарзҳои кӯтоҳмудатт будаанд.
Тибқи иттилоъ Бонки миллӣ ҳаҷми умумии амонатҳо дар соли 2017-9,3 миллиард сомониро ташкил медиҳад. Таъкид мешавад, ки маблағи амонатҳо ғайр аз ду бонк (Тоҷиксодиротбанк ва Агроинвестбанк) беш аз 30 дарсад ё 1,7 миллиард сомонӣ зиёд шудааст.
Қаблан иттилоъ дода шуда буд, ки қарзи берунаи Тоҷикистон барои семоҳаи авали соли ҷорӣ дар ҳаҷми 20 миллион доллар кам шудааст. Маблағи умумии қарзи берунаи Тоҷикистон то 1 апрели соли 2018-2,859 миллиард долларро ташкил медиҳад.