Русия имсол ба Тоҷикистон ду баробар бештар омӯзгор мефиристад

Обуна шудан
Аз 1-уми сентябри соли 2018 аллакай 60 нафар муаллимони Русия ба таълими кӯдакон дар мактабҳои Тоҷикистон шурӯъ мекунанд

ДУШАНБЕ, 23 маq — Sputnik. Русия шумораи омӯзгоронеро, ки дар мактабҳои Тоҷикистон ба забони русӣ таълим медиҳанд, ду баробар афзоиш медиҳад, гуфт муовини раиси Шӯрои Федератсия Евгений Бушмин.

Ҳамин тавр, оғоз аз 1-уми сентябри соли 2018 тақрибан 60 нафар муаллим дар мактабҳои тоҷикӣ бачагонро ба забони русӣ таълим медиҳанд. Соли гузашта 29 нафар муаллим ба он ҷо рафта буданд.

"Иштироки мо дар ҳамкорӣ бо ҳамватанон дар кишварҳои узви ИДМ ва оид ба рушди забони русӣ андар паҳнои пасошӯравӣ кофӣ нест", — таъкид кард Бушмин.

Таджикские школьники на уроке, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Чигуна омӯзгор аз Русия дили талабаҳои шаҳри Хоруғро ба даст овард

Ӯ ёдовар шуд, ки соли гузашта сенаторҳо ба амалӣ намудани як барномае, ки шабеҳаш дар ибтидои асри ХХ роҳандозӣ шуда буд, оғоз карданд, — он замон муаллимони рус ба деҳот омада буданду, кӯдаконро ба забони русӣ таълим медоданд.

"Мо тасмим гирифтем, ки ҳамон тавр кунем — ба мо Вазорати таълим ва ВКХ кӯмак расониданд то 29 нафар муаллимонро аз 9 минтақи ФР интихоб кунем то барои таълими кӯдакон ба мактабҳои Тоҷикистон, раванд", — нақл кард муовини раиси Шӯрои Федератсия.

Вай қайд кард, ки аз 29 нафар омӯзгорони соли гузашта, танҳо ҳашт нафарашон ба Русия баргаштаанд, дигарон тасмим гирифтаанд, ки боз барои як соли дигар монанд, зеро ба онҳо ҳам мактабҳо ва ҳам шароити кор писанд омадааст.

Тоҷикистон аз Русия дархост кардааст, ки дар соли нави хониш боз 30 муаллими дигарро ба мактабҳояш фиристад.

Лентаи хабарҳо
0