Раҳмон ё Мирзиёев: кӣ дар муборизаи дастфишорӣ бо Трамп ғолиб баромад

© AP / Andrew HarnikПрезидент США Дональд Трамп, архивное фото
Президент США Дональд Трамп, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва роҳбари Узбакистон Шавкат Мирзиёев дар вақтҳои мухталиф дасти кишвардори ИМА Доналд Трампро фишурдаанд

ДУШАНБЕ, 18 май — Sputnik. Раисҷумҳури ИМА Доналд Трамп бо дастфишории оҳанини худ машҳур аст. Бисёре аз сиёсатмадорон мушоҳида кардаанд, ки пешвои амрикоиҳо як одати ба худ хосе дорад. Вай ҳангоми вохӯрӣ дастони ҳамкасбонашро мефишораду ба тарафи худ мекашад: ин кори Трамп он маъноро дорад, ки мехоҳад нафарро ба сӯи худ ҷалб кунад.

Дар натиҷаи дастфишории пурқуввати Трамп, аллакай воқеаҳои зиёди ҳассосе ба амал омадаанд, ки ҳангоми пазириши расмӣ сиёсатмадорон тавозуни худро аз даст дода, яку якбора ба тарафи раисҷумҳури ИМА калавидаанд.

Соли гузашта раҳбари Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон низ бо Доналд Трамп салом карда буд. Сипас, корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ ғолибиятро ба роҳбари Тоҷикистон дода буданд. Дирӯз роҳбари Узбакистон Шавкат Мирзиёёев ҳамчунин бо Tрамп дастфишорӣ кард. Қабзаи кӣ пурқувваттар баромад?

Эмомалӣ Раҳмон ва Доналд Трамп

© Фото : Пресс-служба президента ТаджикистанаПрезидент Таджикистана Эмомали Рахмон и президент США Дональд Трамп
Президент Таджикистана Эмомали Рахмон и президент США Дональд Трамп  - Sputnik Тоҷикистон
Президент Таджикистана Эмомали Рахмон и президент США Дональд Трамп

Соли 2017 раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон пас аз ғалабаи ниҳонӣ замони дастфишорӣ бо Трамп, санову мувофиқаи умумиро касб карда буд. 

Дар ҳошияи ҳамоишҳои кишварҳои мусулмони араб ва ИМА, ки дар пойтахти Арабистони Саудӣ шаҳри Эр-Риёз гузашта буд, Раҳмон боваримандона дасти Трампро ҳангоми саломкунӣ ба сӯи худ кашида, ҳамин тавр ба "қапқони" машҳури ӯ наафтид.

Раисҷумҳурони Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва кишвардори ИМА Доналд Трамп

"Рӯёрӯйи" Раҳмон ва Трамп ҳатто ба сархатҳои хабарҳо ва лаҳзаҳои аз ҳама ҷолиби Twitter афтода буд.

Барандаи телевизиони русиягӣ Владимир Соловев ин вазъиятро чунин шарҳ дода буд: "Ва ин лаҳза бадбахтии бузурге рух дод — ӯ бо Рахмон мулоқот кард, — ва маълум шуд, ки раисҷумҳури Тоҷикистонро роҳбари ИМА аз дасташ кашида наметавонад. Дасти ӯро Раҳмон ба сӯи худ фишор дод ва гуфт: "Ин ҷо ист!", — кинояомезона гуфта буд Соловев.

Шавкат Мирзиёев ва Доналд Трамп

© AFP 2023 / SAUL LOEBПрезидент Узбекистана Шавкат Мирзиёев и Президент США Дональд Трамп
Президент Узбекистана Шавкат Мирзиёев и Президент США Дональд Трамп - Sputnik Тоҷикистон
Президент Узбекистана Шавкат Мирзиёев и Президент США Дональд Трамп

Ҳафтаи равон сарвари Узбакистон Шавкат Мирзияев бо сафари расмӣ вориди Вашингтон шуд. Дар Кохи Сафед байни Мирзиёев ва Трамп гуфтушуниди дуҷониба сурат пазируфт.

Роҳбари амрикоӣ меҳмонро дар пойгаҳи Кохи Сафед хайрамақдам гуфта, бо ӯ дастфишорӣ кард.

Чанд сонияи аввал Трамп дасти рости Мирзиёевро бо шиддат фишурда ва сипас ҳамтои узбакашро каме ба тарафи худ кашид.

Мо бояд ба сарвари Узбакистон қоил шавем: ӯ аз ҷояш наҷунбида, тавозунро аз даст надод.

Баъд аз ин, ҳангоми суханрониҳои муқаддимавияшон сиёсатмадорон чанд маротиба дастфишорӣ  карданд, вале ҳама чиз маъмулона буд.

 "Офарин ба раисҷумҳури мо: дасташро ба сӯи худ кашида, ба Трамп нагузошт, ки дасти вайро ба сӯи худаш кашад. Ман бо ӯ фахр мекунам!",  - шарҳ додаанд дар Facebook.

Лентаи хабарҳо
0