ДУШАНБЕ, 22 май — Sputnik. Ҳангоми рух додани ҳодисаи мазкур модар бо фарзандонаш дар саҳро машғули корҳои саҳроӣ будаанд, хабар медиҳад Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода.
Тифлони ҳалокшуда яке 8-сола, дуюмӣ 6-сола ва сеюмӣ 1-сола будаанд.
Ёдоварӣ мекунем, ки ҳамагӣ ҳафтае пеш ду кӯдак дар ноҳияи Панҷ дар натиҷаи омадани сел ҷон бохтанд.
Сел соати 3-4 субҳ омадаасту мардум дар изтироб хонаҳояшонро тарк кардаанд. Дар ҳамин ҳин модаре кӯдакашро чунон сахт оғӯш кардааст, ки кӯдак нафасгир шудааст.
Модаркалони кӯдаки чорсола бошад, натавонистааст набераашро дорад ва ӯро маҷрои сел бо худ бурдааст.
Ёдовар мешавем, ки ҳафтае қабл дар қисме аз роҳи мошингарди Айнӣ — Панҷиканд резиши санг ба қайд гирифта шуд.
Бино ба маълумоти Созмони обуҳавошиносии Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ то 24-уми май ҳаво номусоид мешавад.
Кумитаи ҳолатҳои фавқулода бинобар боришоти зиёди борон, номусоидии ҳаво ва хатари омадани селу резиши сангпораҳо аз сокинони ҷумҳурӣ даъват ба амал меорад, ки дар чунин рӯзҳо аз сафар ба мавзеъҳои хатарнок, аз ҷумла, лаби дарёҳо ва кӯҳҳо худдорӣ намоянд.