Тоҷикистон сармояи оинномавии НБО Роғунро зиёд менамояд

© Фото : Официальная страница президента РТ в FacebookНа стройке Рогунской ГЭС
На стройке Рогунской ГЭС - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар ҳоли ҳозир сармояи онинномавии “НБО Роғун” 14 миллиард сомониро ташкил медиҳад. Қаблан сармояи оинномавии Роғун ду сол пеш зимни ҷамъомадаи солонаи саҳомон зиёд шуда буд

ДУШАНБЕ, 21 май- Sputnik. Саҳомони ҶСК "НБО Роғун" тасмим гирифтаанд сармояи оинномавии ширкатро зиёд намоянд.

Ин масъала дар рафти ҷамъомади солонаи саҳомон, ки 15 июн дар Бонки милии Тоҷикистон баргузор хоҳад шуд, баррасӣ мешавад.

Ҳоло сармояи оинномавии ҶСК "НБО Роғун" 14 миллиард сомониро ташкил медиҳад. Қаблан сармояи ширкат ду сол пеш зимни ҷамъомади саҳомон зиёд шуда буд. Қаблан сармояи оинномавии ин ширкат моҳи феврали соли 2014 аз 6 то 12 миллиард сомони зиёд шуда буд.

Президент Таджикистана принимает участие в возведении плотины для Рогунской ГЭС - Sputnik Тоҷикистон
Роғун, таваррум, муҳоҷирон: соли 2019 иқтисоди Тоҷикистон чигуна мешавад

Илова бар ин, зимни ҷамъомади навбатӣ, қарор аст ба оинномаи ширкат тағйирот ворид шавад. Дар ҷамъомади мазкур дорандагони саҳмияҳои Роғун аз ҳисоботи солона, инчунин натиҷаи аудити соли 2017 маълумот хоҳанд гирифт.    

Сохтмони Нерӯгоҳи барқи обии Роғун дар Тоҷикистон дар замони Шӯравӣ соли 1976 шурӯъ шуда буд. Ба ҳамин далел сохтмони ин нерӯгоҳ, яке аз сохтмонҳои дарозмуҳлат ба ҳисоб меравад. Мутобиқи барнома, пас аз анҷом ёфтани сохтмони НБО Роғун, садди он яке аз баландтарин дар ҷаҳон ба ҳисоб хоҳад рафт.    

Қаблан ҳайати Сандуқи байналмилалли пул бо рафти сохтмони Роғун дар Тоҷикистон ошно шуданд. Муовини аввали раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамолиддин Нуралиев ба меҳмонон дар бораи аҳамияти НБО Роғун барои иқтисоди Тоҷикистон ва дигар Кишварҳои Осиёи Марказӣ маълумот мухтасар пешниҳод намуда, хостори ҷалби сармоя бештар барои расидан ба мақсадҳо рушд шуда буд.

Қаблан хабар дода шуд, ки Тоҷикистон дар Вашингтон барои сохтмони НБО Роғун сармоягузор меҷӯяд. Қаблан намояндагони бонки амрикоии Merrill Lynch ва бунёдҳои сармогузории   Fidelity, Metlife, BNP Paribas, T.Rowe Price, Barings, Eaton Vance ва Danske аз Роғун дидан карданд. Сармоягузорон бо рафти кори сохтмони НБО Роғун аз наздик ошно шуданд.

Ба андешаи коршиноси бунёди миллии амниятӣ энергетикӣ Станислав Митрохович новобаста аз он, ки Тоҷикистону Узбакистон дар бораи сохтмони Роғун ба товофуқ расиданд, сохтмони ин иншоот то ҳол анҷом наёфтааст ва мушкилот сари ин масъала боқӣ хоҳад монд.

Лентаи хабарҳо
0