Футболбозони тоҷик дар соли 2017 чӣ қадар пул кор карданд

© Sputnik / Alexey Kudenko / Гузариш ба медиабонкФутбольный мяч
Футбольный мяч - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Бо шарофати татбиқи барномаи "Forward"-и ФИФА, дастаҳои футболи тоҷик барои ҷойҳои ишғолкардаашон дар интиҳои мавсими 2017, ҷоизаҳои ҳавасмандгардонӣ гирифтанд

ДУШАНБЕ, 21 май — Sputnik. Ба дастаҳои сабқати олии кишвар барои ҷойҳои ишғолкардаашон дар интиҳои мавсими футболи 2017, ҷоизаҳои ҳавасмандгардонӣ супурда шуд.

Ин бо шарофати татбиқи барномаи "Forward"-и ФИФА ба амал омад.

"Истиқлол" — 304 ҳазор сомонӣ

Ҷоизаҳои ҳавасмандгардониро пеш аз ҳама ғолибони сабқати олии соли гузашта гирифтанд. Қаҳрамони кишвар дастаи "Истиқлол" барои ишғоли ҷои аввал 304 ҳазор сомонӣ ба даст овард. Имрӯз даста пешсафи футболи Тоҷикистон буда, қаҳрамони шашкаратаи ҷумҳурӣ аст. Унвонҳои бештарро аз он танҳо дастаи "Регар-ТадАЗ" дорад (7-то). Ҳамаи бозигарони кишвар кӯшиш мекунанд ба ҳайати ин дастаи аз ҳама бонуфуз ва таъминтарини ҷумҳурӣ, ки раисаш Шоҳрух Саидзода аст, афтанд.

Таджикская сборная на открытии первого в истории чемпионата мира по футболу среди детей-сирот - Sputnik Тоҷикистон
Бузург мешавему ҳатман пирӯз мешавем: дастаи наврасони ҶТ дар Ҷоми ҷаҳонии футбол

"Истиқлол" мисли солҳои гузашта дастаи асосӣ дар мубориза барои гирифтани унвони қаҳрамони кишвар мебошад. Дар сабқат "Истиқлол" тақрибан рақиб надорад, он аз ӯҳдаи иҷрои вазифаи худ барои дифоъ аз унвони қаҳрамонияш, ба хубӣ мебарояд.

"Хуҷанд" — 261 ҳазор сомонӣ

Ба барандаи медалҳои нуқраи сабқат дастаи "Хуҷанд"-261 ҳазор сомонӣ супурда шуд. Яке аз дастаҳое, ки имрӯз метавонад бо "Истиқлол" рақобат кунад, ин "Хуҷанд" аз вилояти Суғд аст. Кӯҳандастаи футболи ҷумҳурӣ — дар тамоми сабқатҳо иштирок намудаасту, вале ҳеҷ гоҳ қаҳрамон нагардидааст.

Бо роҳбарии Нӯъмонҷон Юсупов "Хуҷанд" аллакай унвони аввалро дар мавсим аз даст дод — даста дар бозӣ барои Ҷоми олӣ ба "Истиқлол" ҳисобро бохта буд — 2:3. Чӣ тавре, ки мураббӣ мегӯяд, дар даста ҳанӯз ҳам камбудиҳо вуҷуд доранд, алалхусус дар бахши амалиётӣ. Вале бозигарон тамоми масъулиятро фаҳмидаанд — танҳо мондааст, ки дар сабқати миллӣ пирӯз шавем.

Баъд аз омадани Юсупов ба "Хуҷанд" даста ҳимоятгар Ҳасан Рустамов ва нимҳимоятгар Бахтиёр Чориевро даъват карда, ҳамчунин ҳамлагар Фарҳод Тоҳировро баргардонд. Ва пеш аз ин, даста, ки назорат аз болои онро раиси вилояти Суғд  Раҷаббой Аҳмадзода ба ихтиёри худ гирифтааст, барои тақвият додани ҳайаташ чанд бозингарро даъват карда, бо онҳо қарордод имзо кардааст.

Инҳо дарвозабони эстониягӣ Алексей Матросов, нимҳимоятгарон Сергей Чеботарев ва Роман Мироненко аз Украина, инчунин Фурқатҷон Ҳасанбоев аз Ӯзбекистонанд. Чӣ тавре, ки Нӯъмонҷон Юсупов мегӯяд "дар назди "Хуҷанд" вазифаи бузург истодааст — буридани қаҳрамонии кишвар. Даста кӯшиш хоҳад кард то боварии роҳбариятро бо сардории Раҷаббой Аҳмадзода, ки нисбат ба он кардаанд, сазовор гардад".

Юные футболисты едут в Сочи - Sputnik Тоҷикистон
Бозигарони навраси "Помир" дар Сочи фаворит шуданд

ССКА "Помир" — 217 ҳазор сомонӣ

Барандаи медалҳои биринҷӣ ССКА "Помир"-217 ҳазор сомонӣ гирифт. "Артишиёни" асосии кишвар — ССКА "Помир"-и Душанбе — дар мавсими гузашта ҳангомавор барандаи медалҳои биринҷии сабқат гардид. Дастаи ҷавон таҳти роҳбарии яке аз нишонрасҳои беҳтарин дар таърихи мунтахаби миллии Тоҷикистон  Тоҳир Мӯъминов, дастовардҳои хуберо нишон дода, асабҳои аъзоёни дастаҳои пешсафи ҷумҳуриро бисёр хароб карда буду, сазоворона ҷои сеюмро ишғол кард.  

Қабл аз омадан ба даста Мӯъминов дар "Равшан"-и Кӯлоб кор мекард, ки ҳамроҳ бо он сабқати Тоҷикистон — 2015-ро бурида буд. Тоҳир Мӯъминов ҳамчунин таҷрибаи кор бо дастаҳои "Фаррух" (Ҳисор), "Энергетик" (Душанбе), "Вахш" (Курғон-теппа), "Хайр" (Ваҳдат)-ро дорад. Имрӯзҳо дар назди ситоди мураббиёни ССКА, ки қаҳрамони дукаратаи Тоҷикистон мебошад (1992, 1995), вазифа гузошта шудааст, ки на бадтар аз соли гузашта баромад кунад. Дар омади гап, имсол ССКА "Помир" метавонист медалҳои Ҷоми ФФТ-ро барад, аммо дар давраи ниҳоӣ бозиро ба дастаи "Панҷшер"-и Ҷалолиддини Балхӣ бохт.

"Регар-ТадАЗ" — 132 ҳазор сомонӣ

"Регар-ТадАЗ"-и Турсунзода, ки дар мавсими гузашта ҷои чорумро касб карда буд, баргаро ба маблағи 132 ҳазор сомонӣ пазируфт. Боз як кӯҳандастаи сабқати Тоҷикистон оид ба футбол — якҷоя бо "Хуҷанд" регариён иштирокчиёни ҳамешагии тамоми сабқатҳои Тоҷикистонанд.

Бо тафовут аз "Хуҷанд", ки ягон бор сабқати қаҳрамониро набуридааст, "Регар-ТадАЗ" ҳафт бор соҳиби ин унвон шудааст. Баъди он ки давраи "Истиқлол" омад, регариҳо тиллогириро қатъ карданд.

 

"Барқчӣ" — 106 ҳазор сомонӣ

"Барқчӣ"-и Ҳисор, ки соли 2017 дар марҳилаи ниҳоӣ ҷои панҷумро дар ҷадвал ишғол карда буд, соҳиби 106 ҳазор сомонӣ шуд. "Барқчӣ" қаблан пурра дар зери қаноти ширкати энергетикии "Барқи Тоҷик" буд, вале баъдан ширкати мазкур маблағгузории дастаро қисман қатъ кард. Пас аз он, даста таҳти назорати федератсияи футболи кишвар қарор гирифт. Даста пойгоҳи асосии мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон гардида, онро мураббӣ Мубин Эргашев роҳбарӣ мекунад.

Вай ба ҷои Виталий Левченко, ки ба ситоди мураббиёни дастаи "Криля Советов"-и шаҳри Самара шомил шуд, омадааст. Қаблан дар зери роҳбарии Мубин Эргашев дастаи "Истиқлол"-и Душанбе ду маротиба қаҳрамони сабқати Тоҷикистон, дар солҳои 2014 ва 2015, шудааст.

Илова бар ин, соли 2015 Эргашев ҳамроҳ бо "Истиқлол" ба давраи ниҳоии Ҷоми КФО баромада буд, ки дар бозии ҳалкунанда дастаи пойтахтӣ аз тарафи дастаи малайзиягии "Ҷоҳору" бо ҳисоби 0:1 шикаст хурд. Сипас "Барқчӣ" аз Душанбе ба Ҳисор кӯчид ва дар он ҷо истиқрор кард. Ҳоло мақсади "Барқчӣ" омода сохтани бозингарон барои дастаҳои миллии Тоҷикистон, аз ҷумла ҷавонон, аст.

Финальный матч Кубка АФК-2017 между клубами Истиклол - Таджикистан и Эйр Форс - Ирак - Sputnik Тоҷикистон
Бо як тир: пирӯзии дастаи "Истиқлол" бар "Аҳал" Туркманистон. Навор

"Хатлон" - 88 ҳазор сомонӣ

Дастаи шашуми сабқати олии мавсими 2017 "Хатлон"-и Бохтар (соли гузашта даста «Вахш» ном дошт) 88 ҳазор сомонӣ гирифт. Даста муддати чанд сол мушкилоти ҷиддии молиявӣ дошт, гарчанде ки он қаҳрамони секаратаи Тоҷикистон (1997, 2005, 2009) аст. Дар натиҷа, дастаи "Вахш" соли ҷорӣ ба муассисаи давлатӣ табдил дода шуда, акнун "Хатлон" аз шаҳри Бохтар номида мешавад.

Дастаро дар зери боли худ роҳбарияти вилояти Хатлон ва шахсан худи раиси шаҳри Бохтар (қаблан Қӯрғон-теппа) Абдуҳалим Исмоилзода гирифтааст. Дастаи "Вахш", ки соли 1960 таъсис ёфтааст, бори аввал нест, ки таъвизи ном мекунад. Аз соли 1966 то 1984 даста "Пахтакор" ном дошту, солҳои тӯлонӣ дар дивизиёни дуввуми сабқати собиқ ИҶШС бозӣ мекард. Пас аз фурӯпошии Иттиҳоди Шӯравӣ, даста бозиро дар мунтахаби олии футболи кишвар шурӯъ карда, се маротиба онро бурида буд.  

"Панҷшер" — 70 ҳазор сомонӣ

Ба "Панҷшер", ки ҷои қабл аз охирро гирифтаасту, дар бозиҳои гузариш ду рақобат гузаронида, "Эсхата"-ро шикаст додааст, мукофотпулӣ дар ҳаҷми 70 ҳазор сомонӣ дода шуд. "Панҷшер" аз Ҷалолиддини Балхӣ алъон бо дастаҳои дар боло мазкури сабқати олӣ мубориза бурда наметавонад. Даста муддати тӯлонӣ дар сабқати аввали кишвар бозӣ карда, танҳо ба наздикӣ тавонист ба лигаи олии Тоҷикистон барояд. "Панҷшер" акнун тамоми кӯшишҳоро ба харҷ медиҳад то дар ҳар як бозӣ тамоми имконотро барои ҳадди аққал гирифтани як хол, истифода барад.

Лентаи хабарҳо
0