ДУШАНБЕ, 2 май — Sputnik. Дар даври панҷуми марҳилаи гурӯҳии мусобиқаи Ҷоми Конфедератсияи футболи Осиё (КФО)-2018 дастаи "Истиқлол" Душанбе дар меҳмонӣ бар тими "Аҳал" Туркманистон дастболо шуд, хаба медиҳад равобити умумии ФФТ.
Бозӣ дар варзишгоҳи "Ашқобод" бо ширкати 18,5 ҳазор мухлис баргузор шуда, бо ҳисоби 1 бар 0 ба фоидаи футболбозони тоҷик анҷом ёфт.
"Тӯби ягонаро дар дақиқаи 51-ум капитани "Истиқлол" Фатҳулло Фатҳуллоев ба нишон расонд".
Ин пирӯзии 4-уми "Истиқлол" дар марҳилаи гурӯҳии Ҷоми КФО-2018 буда, футболбозони тоҷик бо касби 13 имтиёз дар гурӯҳи "D" пешсафанд.
Агар имрӯз "Олтин Асир" Туркманистон дар вохӯрӣ бо "Олой" Қирғизистон дар майдони худ бозиро бой диҳад ё мусовӣ анҷом диҳад, "Истиқлол" пеш аз муҳлат ба даври дигари мусобиқа роҳхат мегирад.
Бозии охирини давраи гурӯҳӣ рӯзи 16 май доир гардида, "Истиқлол" дар майдони худ "Олтин Асир" ва "Олой" Қирғизистон "Аҳал-ро қабул мекунад.