Аз паси раис: дар Суғд 100000 кас дар Дави миллӣ ширкат кард

© Фото : Аз ҳукумати вилояти СуғдДави миллӣ дар Суғд
Дави миллӣ дар Суғд - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар Дави миллии шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд беш аз 96 ҳазор нафар ширкат кардааст

ДУШАНБЕ, 21 май — Sputnik. Рӯзи 20 май дар маркази вилоят – шаҳри Хуҷанд чорабинии варзишии Дави миллӣ баргузор шудааст, хабар медиҳад равобити умуми ҳукумати вилоят.

Гуфта мешавад, ки дар он беш аз 25 ҳазор нафари касбу кори гуногун ширкат кардаанд.

Национальный день бега в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон
Кӣ зудтар: дар Душанбе 20 май Рӯзи дави миллӣ баргузор мешавад

Дар қатори ҳазорҳо нафар сокинони маркази вилоят раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода низ дар чорабинӣ ширкат кардааст.

Раҷаббой Аҳмадзода дар ҳузури сокинон суханронӣ карда, аз дастгириҳои Эмомалӣ Раҳмон дар самти рушди соҳаи варзиш ёдоварӣ карда ва баргузории Дави миллиро ҷиҳати тарғиби тарзи ҳаёти солим иқдоми муҳиму саривақтӣ гуфтааст.

Манбаъ афзуда, ки чорабинии варзишӣ аз назди Корхонаи воҳиди давлатии Маҷмааи ҳавзҳои шиноварии "20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон" оғоз ёфта, то назди Парчами давлатии Тоҷикистон, воқеъ дар хиёбони ба номи Раҳмон Набиев идома ёфт ва дар охир ба иштирокчиёни фаъол аз ҷониби раиси вилоят Сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ супорида шуд.

Дар умум дар вилояти Суғд беш аз 96 ҳазор нафар дар Дави миллӣ ширкат кардааст.

Лентаи хабарҳо
0