Анбори корхонаи дӯзандагии "Гулистон" ба фурӯш гузошта шуд

© Гос комитет по инвестициям РТСклад фабрики Гулистон, архивное фото
Склад фабрики Гулистон, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Кумитаи сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон яке аз анборҳои корхонаи дӯзандагии “Гулистон”-ро ба фурӯш гузоштааст.

ДУШАНБЕ, 21 май — Sputnik. Бино ба иттилои манбаъ, дар музоядаи рӯзи 23 май танҳо яке аз анборҳои корхона ба фурӯш гузошта шуда, маблағи нархи аввали он 784 ҳазору 436 сомониро ташкил медиҳад.

"Довталабон дархостҳои худ ва пардохти ҳақмузди таъмини дархост дар ҳаҷми 17,5 ҳазор сомониро бояд ба Кумита пешниҳод намоянд. Тамоми хоҳишмандон метавонанд дар музояда, ки рӯзи 23 май соати 10:00 бо суроғаи кӯчаи Теҳрон, 21 оғоз мегардад, иштирок намоянд", — гуфтанд дар Кумита.

Собиқ вакили Зайд Саидов, иттиҳоми тамаъҷӯиро рад кард

Лозим ба ёдоварист, ки ҶСП "Гулистон" соли 2002, аз тарафи собиқ вазири саноати Тоҷикистон Зайд Саидов хусусӣ гардонида шуд.

Соли 2014 бо қарори суди иқтисодии шаҳри Душанбе корхонаи мазкур ба моликияти давлат гузаронида шуд. Суд даъвои Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияро дар бораи ғайриқонунӣ хусусигардонии ин корхона қонеъ намуд.

Зайд Саидови 55-сола, вазири собиқи саноати Тоҷикистон ва яке аз соҳибкорони муваффақи кишвар рӯзи 19 майи соли 2013, ҳангоми бозгашт аз сафари Фаронса дар фурудгоҳи шаҳри Душанбе дастгир ва 25 декабри ҳамон сол бо иттиҳомоте, чун сӯиистифода аз мақом, бисёрзанӣ, ришвагирӣ ва таҷовуз ба номус ба 26 соли зиндон маҳкум шуд.

Дар тӯли соли гузашта мақомот бар асоси ин ҳукм ба камияш 8 корхонаву ширкатҳои марбут ба Зайд Саидов ва наздикони ӯ, аз ҷумла фабрикаи дӯзандагии "Гулистон" ва корхонаи "Тоҷикмармар"-ро ба моликияти давлат гузаронд.

Лентаи хабарҳо
0