Собиқ вакили Зайд Саидов, иттиҳоми тамаъҷӯиро рад кард

© Sputnik / Гузариш ба медиабонкСуд. Акс аз бойгонӣ
Суд. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ин бори дувум аст, ки Зокиров аз ҷониби мақомот боздошт мешавад. Бори аввал ӯ шаби 6 марти соли 2014 аз сӯи кормандони Оҷонсии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия боздошт шуд.

ДУШАНБЕ, 3 сен — Sputnik. Фахриддин Зокиров, собиқ вакили мудофеи Зайд Саидов, иттиҳоми эълоннамудаи мақомот алайҳи худро рад кардааст, менависад хабаргузории "Озодагон".

Ба 26 соли ҳукми Зайд Саидов 3 сол илова шуд. Бо мусодираи амвол

Вай гуфтааст, иттиҳоми "тамаъҷӯи" асос надорад, чун аз касе чизе нахостааст.

Фахриддин Зокиров рӯзи 21 август аз ҷониби мақомот боздошт гардида, 15 рӯз ба ҳабси пешакӣ гирифта шуд. Ӯро дар талаби 5 ҳазор доллар аз як сокини Душанбе барои ҳимояи яке аз наздиконаш гунаҳкор медонанд.

Ин дар ҳолест, ки яке аз пайвандони Фахриддин Зокиров 3 сентябр дар суҳбат ба хабаргузорӣ гуфтааст, "қазияе, ки мақомот дар он Зокировро айбдор мекунанд, асос надорад, чун ӯ тамоман дар парванда ширкат надошта, ҳатто ҳеч тасаввуроте дар бораи он надорад".

Ин бори дувум аст, ки Зокиров аз ҷониби мақомот боздошт мешавад. Бори аввал ӯ шаби 6 марти соли 2014 аз сӯи кормандони Оҷонсии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия боздошт шуд ва алайҳи ӯ тибқи моддаи 247 (қаллобӣ)-и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон парванда боз гардид. Зокиров баъди баргузории чанд мурофиа 3 ноябри соли 2014 бар асоси қонуни афв раҳо шуд.

Лентаи хабарҳо
0